Ҷаласаи панелии соҳавии «Шарикии рушд: тасмимҳои бонкӣ ва суғуртавӣ барои ҷомеаи соҳибкорӣ» баргузор шуд

Октябрь 15, 2026 16:29

ДУШАНБЕ,15.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи соҳибкорӣ яке аз неруҳои асосии пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон буда, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии мамлакат нақши муҳим дорад. Чунин иброз намуд муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар ҷаласаи панелии соҳавии «Шарикии рушд: тасмимҳои бонкӣ ва суғуртавӣ барои ҷомеаи соҳибкорӣ», ки дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи панелӣ намояндагони бахши соҳибкорӣ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғуртавии кишвар, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ҳукумати кишвар як қатор ташаббус ва барномаҳои давлатиро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» ва солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардидаанд.

Ҳамзамон ҷиҳати дастгирии соҳибкории занон, пешниҳоди грантҳои президентӣ барои солҳои 2025–2030 ва сабук гардонидани шароити фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла тавассути эълони мораторий ба санҷиши фаъолияти онҳо, тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Маҷмуи ин иқдомҳо бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ ва тавсеаи бахши хусусӣ буда, ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ равона шудаанд.
Дар идомаи ҳамоиш намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявию суғуртавии кишвар сухан намуда, масъалаҳои марбут ба рушди низоми молиявии кишварро баррасӣ карданд.

Дар баромадҳо вазъи кунунӣ ва нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ, раванди қарздиҳӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, рушди хизматрасониҳои муосири молиявӣ, тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ ва густариши истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ, ҳамзамон, масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон ба шаклҳои гуногуни маблағгузорӣ, рушди хизматрасониҳои бонкии исломӣ, таъмини амнияти молиявӣ, тавсеаи бозори суғурта ва истифодаи имкониятҳои суғуртавӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ инъикос ёфта, барарсӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи ин самтҳо барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорон ба хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо ва таҳкими ҳамкории низоми молиявӣ бо ҷомеаи соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2026 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст