Дар шаҳри Панҷакент сохтмони иншооти иҷтимоӣ вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон марҳилаи нави рушду созандагӣ оғоз гардида, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Панҷакент корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо карданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шари Панҷакент иттилоъ доданд, дар деҳаи Сӯфиёни Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан бинои бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар он тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, бо тамоми таҷҳизоти соҳаи тандурустӣ таъмин мебошад.
Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр 411 табиб ва қариб 1000 корманди миёнаи тиббӣ фаъолият намуда, ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.
Дар деҳаи Суҷинаи шаҳр сохтмони коргоҳи ҷӯроббофӣ ва истеҳсоли дастпӯшакҳо идома дорад. Бинои асосии коргоҳ аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум сехи истеҳсолӣ бо 10 ҷойи кор ба истифода дода мешавад. Дар ошёнаи болоӣ меҳмонхона бо 16 ҳуҷра барои қабули 45 меҳмон ва толори баргузории машварату вохӯриҳо бо 10 ҷойи кор бунёд мешавад. Дар айни замон корҳои асосии сохтмонӣ дар ин иншоот ба анҷом расидаанд.
Дар Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ҳафтрӯд» бо ибтикори соҳибкор Афзалшоҳ Дӯстзода корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан сохта, ба истифода дода мешавад. Корхона дар 1 гектар бунёд шуда, бо ворид ва насби 5 навъи таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин иқтидори коркарди 60 тонна обро дар як соат пайдо хоҳад кард. Дар корхона истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан, оби газнокшуда ва афшура аз меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба роҳ монда шуда, барои 60 нафар ҷойи кор фароҳам оварда мешавад. Тибқи нақша, корхона дар арафаи Наврӯзи байналмилалии соли 2027 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 21 муассисаи соҳаи маорифи шаҳр корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла бунёди биноҳои наву иловагии таълимӣ ва синфхонаҳо барои 11 ҳазору 380 ҷойи нишаст идома доранд.
Дар деҳаҳои Кулолӣ, Артуч ва Зари Ҳисор лоиҳаи сохтмони шабакаҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ амалӣ мегардад. Ин лоиҳаҳо бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва шарикони рушд амалӣ мегарданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






