Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ёва» ба истифода дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти энергетикӣ дар марҳилаи анҷом қарор доранд. Бунёди зеристгоҳи нави барқии «Ёва» дар таҳкими инфрасохтори энергетикии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ нақши муҳим хоҳад дошт.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти энергетикӣ сарбории зеристгоҳҳои амалкунанда коҳиш ёфта, имконияти техникии шабакаҳои барқӣ васеъ мегардад. Ҳамзамон барои беҳтар намудани сифату устувории таъминоти неруи барқи аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти иҷтимоию иқтисодии минтақа, инчунин коҳиш додани талафот шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад






