Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд

Октябрь 7, 2026 17:15

ДУШАНБЕ, 07.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи VI байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия дар қатори намояндагони 45 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин олимпиадаи сатҳи баланд аз рӯи натиҷаҳои иштирок донишҷӯёни донишгоҳ Нилуфар Наврӯззода ва Ғолиб Ойаҳмадов бо шаҳодатномаи иштирокчӣ, Диплом ва нишон қадрдонӣ гардиданд.

Дар доираи барномаи олимпиада барои иштирокчиён чорабиниҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла дарсҳои маҳорат, ҷаласаҳои Раёсати Ҳаракати байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ, Форуми байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ, инчунин чорабиниҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм гузаронида шуданд.

Иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар чунин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ барои таҳкими робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, табодули таҷриба, рушди дониш ва малакаҳои касбӣ, инчунин муаррифии иқтидори таълимию касбии ҷавонони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Октябрь 7, 2026 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд