ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, шанбе, 276-умин рӯзи соли 2026 аст

Октябрь 3, 2026 08:00

13 сол пеш, 3 октябри соли 2013 ҷаласаи 20-уми Шурои ҳамоҳангсози роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи Ассамблеяи   байнипарлумонии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон доир шуд.

***

3 октябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг иштирок намуданд.

***

3 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи якчанд иншоот, шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ховалинг ва ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар маркази ноҳия бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимӣ доир намуданд.

***

3 октябри соли 2022 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид.

***

3 октябри соли  2022  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили шолӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Ислом» ва намоиши маҳсулоти ғалладона шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Таиланд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

3 ОКТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди машрубот.

***

Созмондиҳии Рӯзи умумиҷаҳонии иттифоқҳои касаба.

***

Рӯзи таъсиси телевизиони Тоҷикистон.

***

Рӯзи ташкилёбии Ҷумҳурии Корея.

РӮЙДОДҲО:

3 октябри соли 1906 рӯзи умумиҷаҳонии тасдиқи бонги хатар дар баҳр, маъруф ба «SOS» муқаррар карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1990 муттаҳидшавии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Олмони демократӣ ба амал омад, ки соли 1949 ташкил ёфтанд.

***

3 октябри соли 1992 варзишгари итолиявӣ Мауритсио Дамилано ба рекорди ҷаҳонии дар айни замон амалкунанда аз намуди дар ду соат 29 километру 572 метр роҳ рафтан асос гузошт.

***

3 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Форуми навбатии IX байналхалқии «Гуфтугӯи забонҳо ва фарҳангҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай дар асри XXI» баргузор гардид.

***

3 октябри соли 2023 дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди бокс варзишгари тоҷик Давлат Болтаев медали дуюми тиллоро ба даст овард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1952 дар Лос-Анҷелес нахустин сабти тасвир дар лентаи магнитӣ ба амал омад.

***

Соли 1993 Гайдар Алиев бо касби 98,8 фоизи овозҳо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон интихоб шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Зебо Аминзода  — раққоса ва балетмейстери тоҷик. Ҳунарпешаи халқии  Тоҷикистон (1980).

 

 

 

Октябрь 3, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, ҷумъа, 275-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, панҷшанбе, 274-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, чоршанбе, 273-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, сешанбе, 272-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, душанбе, 271-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, якшанбе, 270-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, шанбе, 269-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, ҷумъа, 268-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 267-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, чоршанбе, 266-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, сешанбе, 265-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 сентябр, душанбе, 264-умин рӯзи соли 2026 аст