Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рақамикунонии соҳаҳои бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, татбиқи «Барномаи фарогирии иқтисодӣ» ва раванди касбомӯзӣ дар вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо ҳайати миссияи навбатии Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо раванди татбиқи қисмати дуюми «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ»–и назди вазоратро мавриди баррасӣ қарор доданд. Гуфта шуд, ки лоиҳа ба таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имконоти бештар барои иштироки аҳолӣ дар равандҳои иқтисодӣ равона гардида, яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдори низоми вазорат ва тақвияти ҳамкории ҷонибҳо барои татбиқи босифат ва саривақтии чорабиниҳои пешбинишуда аҳамияти муҳим дорад.
Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории созанда ва татбиқи самараноки ҳадафҳои лоиҳа изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






