Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Октябрь 23, 2026 13:08

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» 31 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи умумии беш аз 1,2 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Ин созишномаҳо ба рушди соҳибкорӣ, татбиқи ташаббусҳои нави иқтисодӣ ва густариши ҳамкории сармоягузорӣ нигаронида шудаанд.

Дар ҳамоиш беш аз 1000 намояндаи доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорон ва меҳмонон аз 30 давлат, соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок карданд. Санадҳои нави ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба имзо расонида шуданд.

Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиш ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти вилояти Хатлон, рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.

Дар  доираи форум Раиси вилояти  Хатлон бо як зумра соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони давлатҳои алоҳида ва корпусҳои дипломатӣ густариши ҳамкории Тоҷикистон бо дигар давлатҳоро баррасӣ намуд.

Ҳамчунин масъалаҳои энергетика, рушди гидроэнергетика, истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунӣ, назорати иншооти энергетикӣ ва амалӣ намудани технологияҳои муосир дар истеҳсоли неруи барқ баррасӣ гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

 

 

Октябрь 23, 2026 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид