Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр дар шаҳри Абу Забӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Мудири иҷроияи ширкати аморотии «Tahaluf AI» Аҳмад Ал-Каабӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар самти технологияҳои пешрафта, зеҳни сунъӣ, табдилёбии рақамӣ, ҳукумати электронӣ, шаҳрҳои ҳушманд, ҳувияти рақамӣ ва бунёди махзанҳои додаҳои бузург табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо амалисозии лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро дар низоми фаъолияти сохторҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла дар самтҳои иқтисодӣ, энергияи сабз, нақлиёт, инфрасохтор, саноат, маориф, сайёҳӣ, тандурустӣ, муҳоҷират, бонкдорӣ, кишоварзӣ ва рушди устувор муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб








Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд






