Дарёфти маводи мухаддир аз бордони мошини «Дулон»

Декабрь 29, 2015 17:47

Душанбе 29.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар гузаргоҳи гумрукии Панҷи-Поён интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор ва пешгирӣ карданд. Тавре ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати мамлакат иттилоъ доданд, кормандони Раёсати минтақавии гумрукии вилояти Хатлон мошини тамғаи «Дулон»-ро, рақами қайди давлатӣ ТҶ 51 99 АМ 03, ки ба шаҳрванд «З.А.» тааллуқ дорад, бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт карданд. Дар натиҷаи гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз таги бордони воситаи нақлиёти мазкур дар як бастаи полиэтиленӣ маводи хокистарранги бўи ғализдоштаи монанд ба маводи мухаддир дарёфт  шуд. Зимни суҳбат маълум гардид, ки маводи дарёфтгардида ба бародари ронанда сокини шаҳри Қурғонтеппа «З.М.» тааллуқ дошт, ки мехост онро ғайриқонунӣ аз тариқи сарҳади гумрукӣ интиқол бидиҳад.
Мутобиқи хулосаи ташхиси озмоишгоҳи  кимиёвии гузаронидашуда, маводи дарёфгардида навъи ҳашиш буда, вазни холиси он 649,7 граммро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ  оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Декабрь 29, 2015 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст