Тоҷикистон муваққатан фаъолияти консулгариҳои худро дар Файзобод ва Кундузи Афғонистон қатъ кард

Январь 16, 2016 08:52

Душанбе, 16.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо сабаби вазъияти баамаломада дар вилоятҳои шимолии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, фаъолияти консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Файзобод ва Қундузи Афғонистон муваққатан боздошта шуда, дар сурати ором шудани вазъият, дубора оғоз хоҳад шуд.
Ин иқдом ба хотири эҳтимоли таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кормандони консулгариҳои Тоҷикистон дар Файзобод ва Қундуз ба роҳ андохта шудааст.
Бояд гуфт, ки 28 сентябри соли 2015 ҳангоми ишғоли шаҳри Кундуз тавассути ҷангиёни ҳаракати «Толибон», Консулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр яке аз аввалин биноҳое буд, ки мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифт.
Ҳамчунин 16 майи соли 2014 Консули Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон Рустам Маҳмудӣ мавриди ҳуҷуми мусаллаҳона қарор гирифта, захмӣ шуд.
Бо назардошти эҳтимоли такрори чунин амалҳо, ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ноором дар вилоятҳои Бадахшон ва Кундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки фаъолияти консулгариҳо дар ин минтақаҳо муваққатан боздошта шавад.
Лозим ба зикр аст, ки Сафорати Тоҷикистон дар Кобул ва Консулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шариф фаъолияти худро чун пештара идома медиҳанд.

Январь 16, 2016 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истанбул имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии шашуми вазирони корҳои хориҷии қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором баррасӣ гардид
Созмони Милали Муттаҳид (ЭСКАТО) қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи об ва иқлим қабул кард
Президенти Пажуҳишгоҳи оби Туркия ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо даъват шуд
Дар Алмато мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд
Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон меояд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи илмию технологии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Дар маҷаллаи «The Diplomatic Insight» мақолаи олимони тоҷик таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои дипломатияи байналмилалӣ» ба нашр расид
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба омода намудани дипломатҳои ҷавон санад ба имзо расониданд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Баҳрайн эътимодномаи худро супорид