Президенти Пажуҳишгоҳи оби Туркия ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо даъват шуд

Апрель 26, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 апрел  мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо Президенти Пажуҳишгоҳи оби Туркия (SUEN) Лутфи Акҷа баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд, дар мулоқот масъалаи ҳамкории судманд дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо муҳокима гардид.

Ҷониби Тоҷикистон даъватномаи расмиро ба унвони Президенти Пажуҳишгоҳ барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, супорид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

 

 

Апрель 26, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид
Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Эрон истиқбол менамояд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Малдив эътимоднома супорид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи иқтисоду тиҷорат баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Амрико ва Исроилро ба иншооти ҳастаии Эрон қатъиян маҳкум мекунад
Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид
Дар Корея аз иқдомҳои Тоҷикистон дар самти мубориза бо биёбоншавӣ ва хушкӣ ёдовар шуданд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Венесуэла баргузор шуд