Номи 10 шаҳру ноҳия ва обанбори Қайроққум иваз мешавад

Февраль 1, 2016 16:55

Душанбе, 01.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйир додани  номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва объектҳои ҷуғрофии мамлакат ба имзо расида, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳия шуда, ба имзо расидааст, номҳои як қатор шаҳру ноҳияҳо ба таври зайл иваз мешаванд:

 

  • Ноҳияи Ҳисор – шаҳри Ҳисор;
  • Ноҳияи Тавилдара – ноҳияи Сангвор;
  • Ноҳияи Ҷиргатол – ноҳияи Лахш;
  • Ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;
  • Ноҳияи Ҷиликул – ноҳияи Дӯстӣ;
  • Ноҳияи Қумсангир – ноҳияи Ҷайҳун;
  • Ноҳияи Шӯрообод – ноҳияи Шамсиддини Шоҳин;
  • Шаҳри Қайроққум – шаҳри Гулистон;
  • Шаҳри Чкалов – шаҳри Бустон;
  • Ноҳияи Ғончӣ – ноҳияи Деваштич;
  • Обанбори Қайроққум – обанбори “Баҳри Тоҷик”.

Пешниҳод дар бораи ба шаҳр табдил додани ноҳияи Ҳисор, ки  дар доираи омодагӣ ба таҷлили 3000 – солагии Ҳисори шодмон басо ободу зебо шудааст, дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашн аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд.

Ҷойи таъкид аст, ки тағйири номи шаҳру ноҳияҳо мутобиқи моддаҳои 10, 18 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марзию маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ” бо пешниҳоди маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ мегардад.

Ҳадаф аз тағйири номи шаҳру ноҳияҳо ва обанбори мазкур амалӣ намудани дархосту пешниҳод ва ормонҳои ватандӯстонаи мардум доир ба барқарор намудани асолати таърихии номҳо, тарғибу ташвиқи анъанаҳои волои миллӣ, ба назар гирифтани хосиятҳои маҳалҳои ҷойгиршавӣ ва мусоидат ба баланд  бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии аҳолӣ ва хусусан бедор намудани хотираи таърихии насли ҷавону навраси кишвар аз фарҳангу тамаддуни пурғановати ниёгон ва давлатсозии муосири миллати бостонию созандаи тоҷик аст.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин бора аз ҷониби Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расиданд, барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Февраль 1, 2016 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» ва хоҷагии деҳқонии «Эмоми Аъзам» шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи навбунёди ҶДММ «Оксус Интеразия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сипар Групп» санги асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҶДММ «Акиа Авесто автоматив индастри» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон