Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузоштанд

Май 16, 2025 11:11

ДУШАНБЕ, 16.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар деҳоти Корез барои бунёди коргоҳи истеҳсоли дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузошта, бо лоиҳаи бунёди ин коргоҳи саноатӣ шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иқтидори истеҳсолии коргоҳ, ки бо ду хатти истеҳсолӣ дар масоҳати 12 000 метри мураббаъ сохта мешавад, дар як сол 180 000 дару тиреза ва панелҳои алюминиро дар бар хоҳад гирифт.

Ба иттилои масъулин, дар самти амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҳукумат, татбиқи марҳила ба марҳилаи саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳияи Данғара рӯз то рӯз бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба роҳ монда мешавад. Иқдоми мазкур низ дар ҳамин замина рӯи даст гирифта шудааст.

Дар коргоҳи «Куруши Кабир Индастри», ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Олимӣ Тоҳир бунёд карда мешавад, дар оянда имкон аст, ки 120 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гарданд.

Тибқи нақша оғози фаъолияти истеҳсолии коргоҳи мазкур сентябри соли 2026 пешбинӣ шуда, маҳсулоти он ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар пешниҳод карда хоҳад шуд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми соҳибкорони ватаниро ибратбахш номида, ба онҳо арзи сипос намуданд.

Гузоштани санги асос ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ Куруши Кабир Индастри дар ноҳияи Данғара 16.05.2025

Май 16, 2025 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд