Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ «Сипар Групп» санги асос гузоштанд

Май 16, 2025 11:53

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғози сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи ҷамъу васл ва истеҳсоли мошинҳои гуногунтамғаи зиреҳпӯш ва таҷҳизоти ҳарбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сипар Групп» санги асос гузоштанд.

Корхонаи мазкур ба амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» мусоидат намуда, ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар нигаронида шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии майдони корхонаи саноатӣ 40 гектарро ташкил намуда, ба фаъолият оғоз намудани он имкон фароҳам меорад, то қисмате аз эҳтиёҷоти кишвар ба техникаву лавозимоти ҳарбӣ аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ бароварда шавад. Ҳамчунин, муҳим аст, ки 120 сокини маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Зимни суҳбат бо масъулини соҳа ва роҳбарияти корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва намудҳои маҳсулот, ба талаботи замон мутобиқ сохтани сифати онҳо ва ҳамзамон ба роҳ мондани омӯзишу омодасозии мутахассисони маҳаллӣ ба онҳо дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.

Гузоштани санги асос ба марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ Сипар Групп дар ноҳияи Данғара 16.05.2025

Май 16, 2025 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд