Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфтанд

Май 16, 2025 09:29

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 май дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат дар оғози сухан иштирокдорони ҷаласаро хайрамақдам гуфта, ба саъю кӯшиши муштарак ва фаъолияти ҳамоҳанги сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои  ИДМ баҳои баланд доданд.

Зимнан, Пешвои миллат бо зикри вазъи мураккаби сиёсии байналмилалӣ тамоюли афзоиши фишори таҳдиду хатарҳои ҷаҳониро ба низоми минтақавии амният ба таври махсус таъкид карданд.

Аз ҷумла, афзоиши минбаъдаи таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, шиддатнокии марбут ба қочоқи маводи мухаддиру аслиҳа ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамчун хавфҳои асосии амниятӣ номбар карда шуданд.

Ҳамчунин, иброз гардид, ки Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ ду стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризмро таҳия ва қабул кардааст.

Дар фарҷоми сухан Сарвари давлат алоқамандии Тоҷикистонро ба идомаи муборизаи босамар бар зидди терроризму ифротгароӣ ва таҳкими ҳамкории амалӣ оид ба масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ» таъкид намуданд.

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шурои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои иштирокдори ИДМ 16.05.2025

Май 16, 2025 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон