Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи навбунёди ҶДММ «Оксус Интеразия»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Май 16, 2025 12:23

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара корхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оксус Интеразияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи навбунёди саноатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти беҳтарини аврупоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку бо технологияи рақами як дар ҷаҳон равона шудааст. Хаҷми сармоягузории коргоҳ дар ду марҳила 27 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи мазкур ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхонаи саноатӣ 15 намуди маҳсулоти тамоку истеҳсол гардида, иқтидори тавлидотии он 3 миллиард дона дар 1 солро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки корхона давоми як соли оянда бо иқтидори пуррааш ба кор медарояд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Оксус Интеразия дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар он 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз ин шумора 70 фоизашро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулини корхонаи навбунёд ба рушди муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо шарикони рушд ва сармоягузорони хориҷӣ дар бахшҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ баҳои баланд дода, иншооти навбунёдро намунаи олии ҳамкорӣ дар соҳаи саноат арзёбӣ намуданд.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ беш аз 100 намуд имтиёзу сабукиҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ шудааст, ки ин барои пешбурди тиҷорату хизматрасонӣ ва истеҳсолот мусоидат менамояд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сомон Фуд Хатлон шинос шуданд.

Зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки корхонаи саноатӣ бо ҷалби 7 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ бунёд гардида, то охири соли равон ба кор дароварда хоҳад шуд. Самти асосии фаъолияти он истеҳсоли афшураи мева хоҳад буд.

Тибқи нақша дар корхонаи мазкур то 300 ҷойи корӣ таъсис хоҳад ёфт.

Иқтидори корхонаи мазкур дар як сол 100 ҳазор тонна буда, дар он 15 намуди афшураи мева истеҳсол мегардад, ки ба таъмини бозори дохилӣ ва содирот ба хориҷи кишвар нигаронида шудааст.

Ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки дар масоҳати 541 гектар бунёд гардидааст, 37 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст.

Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноаткунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар маҷмуъ наздики 600 ҷойи корӣ ташкил гардидааст.

Ҳаҷми сармоягузорӣ дар соли 2024 аз ҳисоби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ба 34 миллион сомонӣ баробар буда, иқтидори умумии сармоягузориҳо аз оғози фаъолият бошад беш аз 2 миллиард сомониро дар бар мегирад.

Ҳоло, аз ҷониби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии Данғара истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ, металлоконструксия, қубурҳои полиэтиленӣ, маҳсулоти ороишии сохтмонӣ, коркарди меваи хушк ва ғайра ба роҳ монда шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2024 54 миллион сомониро ташкил дод.

Гузоштани санги асос ба марҳилаи дуюми корхонаи ҶДММ Сипар Групп дар ноҳияи Данғара 16.05.2025

Май 16, 2025 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии «Darya AI»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо ятимон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чинро аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии томактабиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии ҶСП «Мармар Стоун»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ роҳи маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе-Кулмаро ба истифода доданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон