Пешвои миллат ба афсарони Вазорати мудофиа хона тақдим кард

Февраль 22, 2016 16:16

Душанбе, 22.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 33 — юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 9 ошёнаи истиқоматиро барои оилаҳои афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дод.

Фармоишгари асосии бунёди ин бинои боҳашамат, ки сохтмонаш соли 2014 оғоз гардида буд, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби пудратчӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмил-2012” сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи бинои нав Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаҳои аввал бо шароити зист шинос шуд.

Бинои истиқоматӣ аз 18 хонаи сеҳуҷрагӣ ва 27 дуҳуҷрагӣ иборат буда, бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шудааст. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ қариб 15 миллион сомониро ташкил дода, бино дар муҳлати муайяншуда бо сифати хуб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Зимни шиносоӣ бо шароити зисти манзилҳои истиқоматӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи лоиҳаи бунёди бино, сифати кори бинокорон ва ороишу таҷҳизонидани ҳуҷраҳо бо ашёи лозимаи рӯзгор баҳои арзанда дод.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарони хуштолеъ ва оилаҳои онҳо калиди хонаҳоро дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда, манзилҳои навро тӯҳфаи арзандаи Пешвои миллат дар рӯзҳои таҷлили 23 — юмин солгарди таъсиси Артиши миллӣ маънидод кард.

Имрӯз 45 оилаи муҳофизони сарбаланду сарфарози Ватан, ки аъзои он дар маҷмуъ беш аз 240 нафарро ташкил мекунад, бо шарофати сиёсати инсондӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзили зист шуданд.

Афсарон ва кормандони Вазорати мудофиа дар ҷавоб ба ин иқдоми хайрхоҳона бароҳбари давлат изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти он содиқона хизмат мекунанд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати неку ояндасози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъминоти моддию техникӣ, сол то ба сол шароити хизмати афсарону сарбозон беҳтар гардида, Артиши кишвар баробари муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаю муҳимоти ҷангии муосир ба як ниҳоди пурқувват мубаддал гардидааст.

Таъмини афсарону дигар ходимони низомӣ бо манзили зист яке аз тадбирҳои неки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии афсарону сарбозони Артиши миллӣ аст, ки бо шарофати пойдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ба даст омадааст.

Февраль 22, 2016 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ ва ҳайати бонкҳои қатариро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии томактабии рақами 59-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собитро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нави Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои заҳролудшавӣ ва осебҳои сӯхтаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-ро ба истифода доданд
Оғози тақсими “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Боздиди кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Турсунзода
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129-ро дар маҳаллаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ намуданд