Оғози ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ дар Душанбе

Март 15, 2016 10:13

Душанбе, 15.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ оғоз бахшид.

Дар ифтитоҳи ҷаласа Ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз иштирокдорони ин чорабиниро аз номи Ҳукумати Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, доир ба нақши иттилоот, ҳамкориҳои Тоҷикистон дар ин самт бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва аҳамияти баргузории ин чорабинӣ сухан ронд.

Маврид ба зикр аст, ки дар кори ҷаласа раиси Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ, директори генералии ТАСС Сергей Михайлов, муовини аввали директори генералии ТАСС Михаил Гусман,  директори «Агентии иттилоотии «Арменпресс»  Арам Ананян, директори генералии Агентии телеграфии Белорус (БелТА) Дмитрий Жук, директори генералии Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» Даурен Дияров, директори генералии Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон «Кабар» Кубаничбек Таабалдиев, директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Заробиддин Қосимӣ ва сардори шуъбаи кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва сарчашмаҳои иттилоотии Агентии давлатии телеграфии Озарбойҷон (АЗЕРТАҶ) Элшан Шахбалаев иштирок доранд.

Иштирокдорони ҷаласа фаъолияти агентиҳои иттилоотиро дар соли 2015 натиҷагирӣ карда, нақшаи корӣ барои соли равонро муҳокима мекунанд. Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин баррасии масъалаҳои ҳамкории хадамоти аккосӣ ва омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Иттиҳод, ки моҳи декабр таҷлил мегардад, дар назар аст. Роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак низ табодули афкор хоҳанд кард.

 

Март 15, 2016 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон тасмим гирифтаанд, ки дар Душанбе корхонаи муштараки саноатӣ таъсис диҳанд
Сафири Тоҷикистон дар Беларус дар ҳамоиши адабӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ иштирок намуд
БА ДИҚҚАТИ ШАҲРВАНДОН. Дар назди намояндагиҳои Тоҷикистон дар 28 давлати хориҷӣ 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд
Ҳайати Ҷумҳурии Корея дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе иштирок менамояд
Дар Бангкок лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистон оид ба тағийрёбии иқлим муаррифӣ гардид
Дар Риёз роҳҳои афзоиши ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд
Дар Женева раванди татбиқи қатъномаи СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025 баррасӣ гардид
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои олии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҷаҳонии савдо баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази Шоҳ Салмон дар самти татбиқи лоиҳаҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гардид
Тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ шуд
Гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Ашқобод ташкил гардид
Дар Москва ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии ИДМ доир гардид