Дар Қоҳира машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Миср баргузор гардид

Январь 28, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср Амр Ҳамза роҳбарӣ намуданд.

Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, башардӯстона, илму маориф, фарҳанг, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории мутақобили судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср изҳори омодагӣ намуданд.

Дар анҷоми машваратҳои сиёсӣ Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯзишҳои дипломатии Вазорати корҳои хориҷӣ, муҳоҷират ва мисриёни хориҷ аз кишвари Ҷумҳурии Арабии Миср ба имзо расид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 28, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд