Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: «Ҳавои ноустувор рӯзҳои наздик боқӣ хоҳад монд»

Май 16, 2016 10:26

Душанбе, 16.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон то 20 май дар миқёси ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ хоҳад монд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки то 20 май дар миқёси ҷумҳурӣ тағйирёбии вазъи обу ҳаво дар назар дошта шуда, боришоти борони кӯтоҳмуддати шадид, ба амал омадани раъду барқ, дар доманакӯҳҳо омадани сел, баландшавии сатҳи оби дарёҳо, сангрезӣ ва фаромадани ярч дар назар дошта шудааст.
Бинобар ин аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра аз рўи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.
Инчунин кумита аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар ин давра дар вақти гузаронидани кишт, корҳои хоҷагии қишлоқ ва нигоҳ доштани ҳайвоноти хонагӣ дар чарогоҳҳо эҳтиёткор бошанд.
Хамчунин манбаъ гуфт, аз 11 май то имрӯз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои Зайнабобод, Тоҷикобод, Адолат, Комсомол, Садоқати ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз омадани сел зарар дида буданд, амалиёти наҷотдиҳӣ ва барқарорсозӣ гузарониданд.
Дар як муддати кӯтоҳ бо қувва ва воситаҳои Кумита аз ҳисоби сарбозони қисми низомии Кумита, наҷотдиҳандагон ва бригадаҳои сӯхторнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ва сарбозони Вазорати мудофиа барои корҳои наҷотдиҳӣ ҷалб карда шуданд.
Ҳамарӯза дар мавзеи офатдида ҷаласаҳои Ситод оид ба бартараф намудани офати табиӣ баргузор мешаванд. Ҳоло Комиссияи махсус оид ба муайян намудани зарар ба хонаҳои мардум ва заминҳои кишт дар натиҷаи офати табиӣ ташкил шудааст.
Аз тарафи кумита айни замон 6 гурӯҳ ташкил шуд, ки онҳо барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ машғул мебошанд. Ин гурӯҳҳо аз тарафи Кумита бо ҷалби кормандони ВКД, Вазорати мудофиа, ҳокимияти иҷроияи мақомоти давлатии ноҳия, инчунин худи аҳолӣ ташкил шудаанд
Ба аҳолии зарардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии аъзои РЕКАТ- ( гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ ва фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулода барои бартараф намудани он) кумак расонида мешавад.
Дар минтақаи офати табиӣ, аз ҳисоби кормандони Кумита навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шуда, захираҳои фаврӣ омода шудаанд.
Айни замон барои зарардидагон масъалаи таъминот бо ғизо, оби нўшокӣ, доруворӣ ва пойафзол ҳал шуд.
Назорати ҷараёни ҳодисаҳои табиӣ дар ноҳияҳо зери назорати доимии роҳбарияти Кумита қарор дорад.

Май 16, 2016 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад