Раъйпурсии умумихалқӣ баргузоргардида ҳисобида шуд

Май 23, 2016 12:02

Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 22 маи соли 2016 санаи таърихиест, ки дар ин рӯз ифодаи олии иродаи халқи Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид. Мардуми шарафманди тоҷик дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ва озодона ширкат варзиданд.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода 23 май зимни эълони натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ иттилоъ дод, ки натиҷаи ҷамъбасти пешакӣ нишон дод, ки шумораи умумии раъйдиҳандагон 4 миллиону 409 ҳазору 516 нафар мебошанд. Шумораи шаҳрвандоне, ки дар раъйпурсӣ бевосита иштирок намуданд, 4 миллиону 38 ҳазору 183 нафар буда, он  92% теъдоди умумии раъйдиҳандагонро   ташкил медиҳад.
«Мутобиқи моддаи  31-уми Қонуни Конститутсионии  ҶТ «Дар бораи раъйпурсии ҶТ»  бо қарори комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 23 майи  соли 2016 раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузоргардида ҳисобида шуд»,-илова намуд Б. Худоёрзода.  Аз ин шумора, ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион 814 ҳазору 477 нафар раъй додаанд, ки ин рақам 94,5%-ро ташкил медиҳад. 3,3% раъйдиҳандагон ба муқобили ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия овоз додаанд.

Май 23, 2016 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст