Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Шарқи Дур

Июнь 28, 2016 12:05

Душанбе,28.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар кишвари Шарқи Дури ФР   Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо рӯҳияи баланду ифтихор аз ватандориву оинҳои муқаддаси он аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ таҷлил гардид. Дар чорабинии идона, ки дар маркази шаҳри Благовещенск бо ибтикори ҷавонмарди ватандӯст Раҳматҷон Ҷанҷолов ва дигар аъзои фаъоли ҷамъияти тоҷикони Благовешенск баргузор гардид, тамоми ҷамъиятҳои тоҷикони Шарқи Дур, Бирабиҷону шаҳри Комосомоли лаби Амур ва Хабаровск  ширкат варзида, бори дигар нишон доданд, ки онҳо, новобаста аз мавқеъ ва масофаи роҳ ҳамеша якдилу сарҷамъ буда, як ҳадаф доранд-ободиву тинҷии Ватани азизашон, ки бо вуҷуди ҳазорҳо фарсах дур будан меҳри Ватан дар қалбҳояшон абадан маскан дорад. Тавре ки ба мо раиси бонувони тоҷики Хабаровск Моҳтоб Ғафурова иброз дошт, тоҷикон аз азал мардуми сарбаланду сулҳпарвар ҳастанд ва  мо-тоҷикон, аз ҷумла модарони  тоҷик ҳамеша хостори  сулҳу амонии дунё ҳастем.  Дар чорабинӣ намоиши либосҳои миллӣ ва дастурхони идонаи тоҷикон, ки аз хӯрокҳои гуногуни миллии тоҷикона пурбаракат буданд, ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик бо намоиши намудҳои  варзиши кёкушинкай, гӯштини миллӣ ва муштзаниву ҷаҳидан ба дарозӣ ҳусни дигар бахшид. Зери навоҳои дилангези овозхонони тоҷик, меҳмонону мизбонон мерақсиданду шодӣ мекарданд.
Дар чорабинӣ дигар меҳмонон аз ҷамъиятҳои Благовешенск ва Бирабиҷону сохторҳои маъмуриву қудратии вилояти Амур ширкат варзида, ба меҳмоннавозиву фарҳанги бои мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.

Садбарг Боқиева, Благовешенск, ФР.

Июнь 28, 2016 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Бақайдгирӣ ва аз қайд баровардани шаҳрванд аз ҷойи истиқомат чӣ гуна амалӣ мегардад?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи Бангкок ба 20 нафар расид
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Infomatrix — Asia сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи Мянма ба 2056 нафар расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони маҳаллаи Ҷавонони деҳоти Чилгазии Исфара вохӯрӣ намуд
Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо — «Сайри гули лола» гузаронида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Аз мактабҳои автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода 493 нафар ба сафи Артиши миллӣ мераванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад