Аз мактабҳои автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода 493 нафар ба сафи Артиши миллӣ мераванд
ТУРСУНЗОДА, 29.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои омода намудани ронандагони мутахассис дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 75 ҷавони синни даъватӣ касби ронандагии дараҷаи «С» ва «С-аккумуляторчӣ»-ро хонда, соҳиби касб гардид. Аз ин шумора 20 нафар аз шаҳри Турсунзода, 25 нафар аз шаҳри Ҳисор ва 30 нафар аз ноҳияи Шаҳринав мебошанд, ки дар маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҳамроҳ мегарданд. Дар ин хусус муовини сардори Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳри Турсунзода Аъзам Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ибрози назар намуд.
Бояд гуфт, ки барои омода намудани ронандагони мутахассис дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар Мактабҳои муттаҳидаи техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ беҳтарин шароити таҳсил барои азхуд намудани касби ронандагии мошинҳои гаронвазн муҳайё карда шудааст. Даъватшавандагон ба сафи Артиши миллӣ аз он самаранок истифода намуда, дар хизмати ҳарбӣ ба ҳайси мутахассис-ронанда хизмат менамоянд.
Инчунин аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 223 нафар ҷавонони синни даъватӣ аз рӯйи касби мутахассис — ронандаи дараҷаи «С» дар Мактаби муттаҳидаи техникии шаҳр таҳсил намудаанд, ки ин дар иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии даъвати ҳарбии шаҳри Турсунзода нақши асосӣ дорад.
Сардори мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Ваҳдат Ҷамшед Давлатов гуфт, ки «тибқи нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, дар фасли баҳор аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 45 нафар даъватшавандагон аз шаҳрҳои Ваҳдату Роғун ва ноҳияи Файзобод дар давраи омӯзишӣ ҳамчун мутахассис- ронандаи мошинҳои гаронвазн таҳсил намуданд. Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 150 даъватшаванда дар 5 гурӯҳ имрӯзҳо касби ронандагӣ меомӯзанд, ки ҳамаи онҳо ба таври ихтиёрӣ ҳамчун мутахассис дар даъвати ҳарбии баҳорӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мегарданд».
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






