Анвар Юнусов бар муштзани Чин Ҷун Шан пирӯз шуд

Август 7, 2016 08:54

Душанбе, 07.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани маъруфи тоҷик Анвар Юнусов дар нахустин даври интихобии мусобиқоти бокс дар вазни то 60 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бар варзишгари Чин Ҷун Шан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Бино ба иттилои КМО кишвар, қувваозмоии Анвар Юнусов ва Ҷун Шан 6-уми август соати 18:15 бо вақти маҳаллӣ (соати 02:15 шаби 7-уми август бо вақти Душанбе) баргузор шуд, ки дар он варзишгари тоҷик бар ҳарифи худ дастболо гардид.

Ёдовар мешавем, ки ин рақобати сеюми Анвар Юнусов ва Ҷун Шан мебошад. Қаблан ҳарду муштзан соли равон бо ҳам дар вазни то 60 килограмм ду бор рақобат кардаанд. Қувваозмоии аввал дар мусобиқоти интихобии олимпии қораи Осиё дар Чин бо пирӯзии Ҷун Шан хотима ёфт.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии олимпӣ, ки моҳи июн дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку – баргузор шуд, Анвар Юнусов қасоси бохтро гирифт.

Зимнан, Анвар Юнусов дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, аввалин шуда ба мусобиқа шуруъ кард ва пирӯзӣ ба даст овард.

Рақиби Анвар Юнусов дар даври баъдӣ, ки рӯзи 9-уми август соати 18:20 бо вақти маҳаллӣ (соати 02:20 шаби 10-уми август бо вақти Душанбе) доир мешавад, муштзани маъруфи бразилӣ Робсон Консеикао мебошад. Бар асоси қуръакашӣ ӯ бидуни даври аввал ба даври дуввум роҳ ёфт.

Робсон барандаи медали нуқра (соли 2013, Алматои Қазоқистон) ва медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (2015, Доҳаи Қатар) мебошад.

Муштзани маъруф Анвар Юнусови 29-сола, ки Тоҷикистонро барои бори севвум дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ мекунад, мақсад дорад ба Ватан бо медал баргардад.

Дар ҳоли ҳозир ӯ дар шаҳри Рио-де-Жанейро бо раҳбарии мураббиаш Аббос Неъматуллоев дар Деҳаи олимпӣ тамрин карда, ба қувваозмоии дуввумаш омодагӣ мебинад.

 

 

Август 7, 2016 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар саросари Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ДАВИ МИЛЛӢ. Давидан метавонад ба коҳиши хатари марг аз сактаи дил ва дигар бемориҳои маъмул мусоидат намояд
Комиссияи назорати молиявии дастаҳои футболи Лигаи олии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дастаи «Соро компания» дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон пирӯзии дуюмро ба даст овард
Байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мусобиқаи футболи хурд идома дорад
Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
Намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Ассамблеяи генералии Шурои олимпии Осиё иштирок доранд
Рӯйхати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаҳои Камбоҷа ва Филиппин муайян карда шуд
Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳафтаи футбол ба таври бошукуҳ таҷлил карда мешавад
Дар Душанбе бозии ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад
Маротибаи аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар мусобиқаи Grand Slam соҳиби 11 медал ва ҷойи якум гардид