Шиносоии Сарвари давлат бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар НБО «Роғун»

Август 4, 2016 09:43

Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи боздиди корӣ аз Неругоҳи барқии обии Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита аз 3 толори мошинҳои неругоҳ, ки майдончаи асосии васлгарии таҷҳизоти тавлидкунандаи барқро ташкил медиҳад, шинос шуд.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст тарҳи асосии механизми кори агрегатҳо ва тавлидоти барқ, низоми минбаъдаи кори мошинҳо, хоса сохтори он бо натиҷаи охирини корҳои иҷрогардида муаррифӣ карда шуд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи сифатноки корҳо, ҳисси баланди масъулиятшиносии мутахассисону сохтмончиёни ин қитъаи сохтмонӣ таваҷҷӯҳ намуда, масъулинро ба иҷрои бетамдиди ҷадвали корӣ ҳидоят кард.

Тавре иттилоъ дода шуд, тамоми корҳои омодасозӣ, бетонрезӣ ва мустаҳкамкунии иншоот, бахусус инфросохтори зарурии хизматрасон барои агрегату дигар таҷҳизоти танзимкунанда дар ин қитъаи сохтмонӣ мувофиқи нақша бо сифати баланд амалӣ карда шудааст, ки ба меъёрҳои байналмиллалии сохтмонӣ мутобиқ мебошанд.

Баъди шиносоӣ бо сифати корҳо дар майдончаи васлгарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз толори асосии иншооти аср-Неругоҳи барқи обии Роғун, ки дар он агрегатҳои тавлидкунандаи барқ насб хоҳанд шуд, боздид кард.

Дар ин қитъаи сохтмонии толори мошинҳо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми корҳои иҷрошуда, сохтори устуворкунандаи деворҳо, механизм ва тартиби насби агрегатҳо, аз ҷумла пайвандкунии он ба дастгоҳҳои қабулкунандаи қувваи барқ муаррифӣ гардид.

Барои ҷойгиркунии 6 агрегат, ки иқтидори комили он 3 ҳазору 600 мегават мебошад, дар ин мавзеъ корҳои омодасозӣ ва гузоштани лавозимоти зарурӣ идома дорад. Баъди анҷоми пурраи корҳои омодасозӣ, яъне ҷузъиёти давраи ҷойгиркунии нахустин агрегатҳо, ки дар асоси нақшаи аввали фаъолияти неругоҳи Роғун амалӣ мешавад, дар марҳилаи ниҳоӣ мебошад.

Зимни боздид аз ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии Роғун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз Сехи васлкунии трансформаторҳо, ки дар заминаи пойгоҳи фармоишгар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии Роғун бунёд шудааст, дидан кард.

Тавре аён шуд, дар ин нуқтаи муҳими васлгарӣ аллакай 2 трансформатори қувватнок бо тавоноии пурраи 700 ҳазор киловолт-ампер омода шудааст.

Тибқи нақша дар сехи васлгарӣ дар як моҳ 1 трансформатори дорои иқтидорӣ пурқудрат омода карда мешавад.

Дар асоси дурнамои фаъолият дар баробари васлу насби трансформаторҳои Неругоҳи барқи обии Роғун ин коргоҳ, оянда барои ҷамъоварӣ ва омодасозии трансформаторҳои дигар неругоҳҳои хурду бузург низ хизмат хоҳад расонд.

Август 4, 2016 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Булёни поёни ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни поёни деҳоти Хуррамшаҳри ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро ба истифода доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таълимии томактабии №8-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Булёни болои ноҳияи Данғара бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-ро ба истифода доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Саодатшо» ва дастовардҳои кишоварзии ноҳияи Данғара шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Ҳусеншайх – Хуррамзамини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара Муассисаи томактабии «Ворисон»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки ноҳияи Данғара бо рафти корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи «Муосир» шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз бахшиданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева санги асос гузоштанд