«Истиқлол» дар даври чордаҳум дастаи «Хуҷанд»-ро бо ҳисоби калон- 10:1 шикаст дод

Сентябрь 20, 2016 11:00

Душанбе, 20.09.2016./АМИТ «Ховар»/. Дар майдони «Авиатор»-и шаҳри Душанбе даври 14-уми Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ- «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор гардид. Дастаи футболи «Истиқлол» дар ин вохӯрӣ дастаи меҳмонро бо ҳисоби ниҳоят калон шикаст дод.
Бозингарони тими «Хуҷанд» имкон доштанд то дақиқаи 30-юми бозӣ ҳисобро 3:0 намоянд, аммо ду бор Дилшод Бозоров ва як маротибаи дигар Марфиҷон Марифбоев имкониятҳои хуби голзаниро аз даст доданд.
Бозингарони дастаи «Истиқлол» тавонистанд дар даҳ дақиқаи охири нимаи аввали бозӣ ба дарвозаи тими «Хуҷанд» чор голи беҷавоб зананд. Нахустин голро Дэвид Мавутор дар дақиқаи 36-уми бозӣ зад. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 38-ум, Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 43-юм ва як дақиқа баъд Ҷаҳонгир Алиев як бори дигар тӯбро ба дарвозаи меҳмонон ворид карданд.
Дар нимаи дуюми бозӣ тӯб комилан дар ихтиёри футболбозони дастаи «Истиқлол» буд ва бозӣ аксаран дар атрофи дарвозаи тими «Хуҷанд» сурат гирифт. Футболбозони дастаи мизбон 6 бори дигар тӯбро вориди дарвозаи меҳмонон карданд. Голҳоро Нозим Бобоҷонов, Дэвид Мавутор, Манучеҳр Ҷалилов ва Ҷаҳонгир Алиев заданд.
Ёдовар мешавем, ки футболбозони дастаи «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов ва Давид Мавутор дар ин бозӣ хетт- трик анҷом доданд. Ҷаҳонгир Алиев дублро ба номи худ сабт кард.
Хотиррасон менамоем, ки голи ягонаи тими «Хуҷанд»-ро Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 79-уми бозӣ аз тариқи зарбаи ҷаримавии 11 метра ба дарвозаи «Истиқлол» зад.
Пас аз ин пирӯзӣ бо ҳисоби калони 10:1 дастаи «Истиқлол» барои ба даст овардани медали тиллои чемпионат боз як қадам наздиктар шуд. Ба дастаи «Истиқлол» барои панҷумин бор Чемпиони Тоҷикистон шудан кофист, ки аз панҷ бозии боқимонда дар сетояш пирӯз гардад.

Сентябрь 20, 2016 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 30 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва 380 нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок намуданд
Имрӯз дар саросари Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ДАВИ МИЛЛӢ. Давидан метавонад ба коҳиши хатари марг аз сактаи дил ва дигар бемориҳои маъмул мусоидат намояд
Комиссияи назорати молиявии дастаҳои футболи Лигаи олии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дастаи «Соро компания» дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон пирӯзии дуюмро ба даст овард
Байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мусобиқаи футболи хурд идома дорад
Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон бо иштирокчиёни мусобиқаҳо ҷаласаи васеъ доир намуд
Намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Ассамблеяи генералии Шурои олимпии Осиё иштирок доранд
Рӯйхати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаҳои Камбоҷа ва Филиппин муайян карда шуд
Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳафтаи футбол ба таври бошукуҳ таҷлил карда мешавад
Дар Душанбе бозии ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия баргузор мешавад