Фаъолияти пойгоҳи зилзиласанҷии «Симиганҷ» расман барқарор карда шуд

Октябрь 17, 2016 10:43

Душанбе, 17.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти расадхонаи геофизикии «Симиганҷ»-и Академияи илмҳо, воқеъ дар километри 25-уми самти шимолу шарқи Душанбе расман барқарор карда шуд.
Тавре ки Президенти Академияи илмҳои мамлакат Фарҳод Раҳимӣ иттилоъ дод, таъйиноти асосии пойгоҳи нави зилзиласанҷии «Симиганҷ»- барқарор намудани мониторинги бефосилаи сейсмологӣ дар атрофи шаҳри Душанбе мебошад, ки маълумоти он дар якҷоягӣ бо маълумоти пойгоҳҳои зилзиласанҷии рақамии мавҷуда дар шабакаи сейсмологии Тоҷикистон барои аниқ кардани баҳодиҳии хавфи сейсмикӣ ва тартиб додани харитаҳои сейсмикии ҳудуди Тоҷикистон ҳамчун замина хизмат мекунад.
Корҳои насбӣ барои таъмини фаъолияти муътадили пойгоҳ тибқи реҷаи онлайн пурра ба охир расидаанд.
Пойгоҳи зилзиласанҷии «Симиганҷ» шурӯъ аз солҳои 1971-1972 ба шабакаи сейсмологии минтақавии Тоҷикистон дохил шуда, аз миёнаи солҳои 80-уми асри гузашта, пас аз қабули қарор оид ба таъсиси полигони пешгӯикунанда дар заминаи пойгоҳи зилзиласанҷии «Симиганҷ», ин пойгоҳ ба расадхонаи геофизикии «Симиганҷ» табдил дода шуд. Бо ин мақсад дар ҳудуди расадхона биноҳои дуошёна ва уфуқнақб (штолня) сохта шуданд. Вале бо сабаби оғоз шудани ҷанги шаҳрвандӣ имкон даст надод, ки расадхона бо асбобу таҷҳизоти сейсмологӣ муҷаҳҳаз гардонида шавад. Зиёда аз ин дар давраҳои нобасомонӣ майдону бинои пойгоҳи зилзиласанҷӣ ба харобазор табдил ёфт.
Барқарорсозии фаъолияти пойгоҳи зилзиласанҷӣ дар доираи амалисозии Меморандуми ҳамдигарфаҳмӣ оид ба насб ва хизматрасонии техникии пойгоҳи зилзиласанҷӣ дар расадхонаи «Симиганҷ» байни АИ ҶТ ва Консорсиуми амрикоии институтҳои илмӣ-таҳқиқотии сейсмикии IRIS анҷом дода шудааст. Мавриди зикр аст, ки Консорсиуми IRIS зиёда аз 120 ташкилоти амрикоӣ ва байналмилалиро дар соҳаи зилзилашиносӣ муттаҳид месозад.
Корҳои таъмирию барқарорсозии расадхона, насби дастгоҳҳои муосири рақамӣ ва дигар таҷҳизот аз тарафи АИ ҶТ анҷом дода шудаанд. Дар баробари ин Консорсиум Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология ва Хадамоти геофизикии Академияи илмҳоро бо компютерҳои муосир ва серверҳои барномавӣ барои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти сейсмикӣ, ки ҳам аз пойгоҳи «Симиганҷ» ва ҳам аз пойгоҳҳои дигари зилзиласанҷии рақамии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя ба даст омадаанд, таъмин намудааст.
Акнун тамоми маълумот оид ба ҳодисаҳои геофизикӣ ба таври онлайн дастрас шуда, коркард, омӯзишу назорати маълумот дар марказҳои сейсмологии мамлакат ба роҳ монда мешавад.

Октябрь 17, 2016 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар доир ба натиҷаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар қисмҳои ҳарбии ноҳияи Лахш бо афсарону сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон то 10 дараҷа паст шудани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Смартфонҳо VS телефонҳои тугмачадор: «Имконоти рақамӣ» ғолиб меоянд!
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Деворҳои ҳимоявӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҳалокати нафарони зиёдро пешгирӣ намудаанд
Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Лахш ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Вахш даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Бо мақсади ҳифзи муҳити зист дар мавзеи «Кӯли ҷавонон» ҳашари дастҷамъона гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Боку консерти Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Душанбе рақамикунонии низоми судӣ баррасӣ гардид