Смартфонҳо VS телефонҳои тугмачадор: «Имконоти рақамӣ» ғолиб меоянд!

Апрель 17, 2025 10:41

ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зиёдшавии дастрасии интернети мобилӣ ва хизматрасониҳои  мувофиқи рақамӣ одатҳои корбаронро тағйир медиҳанд. Сокинони мамлакат бештар ба смартфонҳо бартарӣ медиҳанд ва телефонҳои тугмачадор зуд маъруфияти худро аз даст медиҳанд.

Дар байни ҷавонони аз 18 то 24-сола аксарият аз хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ тавассути смартфонҳо истифода мебаранд. Дар ин категорияи синну солӣ аз сад нафар танҳо якчанд кас  телефони тугмачадор дорад.

Ҳиссаи  назарраси  смартфонҳо дар дасти  муштариёни аз 25 то 34-солаи ширкати  «МегаФон Тоҷикистон»  дида мешавад.

Истифодабарандагони аз 35 то 49-сола низ тахминан ба онҳо наздиканд. Барои муштариёни ин категория хушхабаре ҳаст. Соли 2025 Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ маҳдудияти синну солро боло бурда,  ашхоси то 45-соларо ба гурӯҳи  ҷавонон мансуб медонад.   Ва ин тасмими дуруст аст, зеро  онҳо ҳам  ба технологияҳои  нав шавқу ҳавас доранд ва аз онҳо фаъолона истифода мебаранд.  Барои бисёриҳо смартфон аллакай  танҳо воситаи  муошират набуда, балки дастгоҳи корӣ ва «воситаи вуруд» ба олами фароғат маҳсуб мешавад.

Рақамҳо дар гурӯҳҳои калонсолон низ ҷолибанд. Бар хилофи тасаввуроти маъмулӣ дар бораи одамони солхӯрда дастгоҳҳое, ки барои истифодаи фаъоли интернети мобилӣ пешбинӣ шудаанд, дар байни онҳо пешсафанд. Тибқи таҳқиқоти оператор, ҳатто дар категорияи синну соли «65+» ҳамагӣ сеяки муштариён аз дастгоҳҳои тугмачадор истифода мебаранд.

Асосан дар фазои интернетӣ  гурӯҳҳои калонсол ба муошират тавассути паёмрасонҳо ва тамошои видеоконтентҳо афзалият медиҳанд. Бо мақсади қонеъ гардонидани  шавқу ҳаваси мизоҷон  ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои онҳо пешниҳодҳои  муфид  таҳия мекунад. Дар байни онҳо хизматрасонии «Oila TV», ки 170 шабакаи телевизионӣ, инчунин беш аз 100 ҳазор филму силсилафилмҳоро дар бар мегирад  ва бастаҳои интернетии силсилаи  «MIX», ки барои  интихоби ҳаҷми  зарурии трафик имкон медиҳанд,   маъмуланд.

Муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар аз кадом дастгоҳҳо истифода мебаранд? Брендҳои маъмултарин Samsung, Xiaomi, Apple ва Huawei мебошанд. Афзалият ба смартфонҳои категорияи нархашон миёна ва баланд дода мешавад, ки суръати баланди кори ҳама гуна хизматрасониҳои  рақамиро таъмин мекунанд.

Ҷолиб он аст, ки дар ҳар категорияи синну соли муштариён ҳиссаи начандон зиёди симкортҳо на ба смартфонҳо ё телефонҳои тугмачадор, балки ба дастгоҳҳои дигар, ба монанди планшетҳо, дастбандҳои фитнес ва системаҳои «Хонаи ҳушманд», ки бо  интернети мобилӣ  фаъолият менамоянд, рост меояд.

Бо назардошти афзоиши ҳиссаи гаҷетҳое, ки барои таҳвили  маълумот пешбинӣ шудаанд,  дар байни тарофаҳои оператор бештар ба  «Биё! Бисоз Life» афзалият дода мешавад. Зимнан, аксарияти   муштариён ҳангоми «сохтани» тарофаи худ бастаҳоро бо ҳаҷми зиёди трафики  интернет интихоб мекунанд, то ки ба шабакаи умумиҷаҳонӣ дасрасии мукаммал дошта бошанд. Дар байни хизматрасониҳои  интернетӣ сервиси «Интернет барои ҳар ҳолат», ки барои пайвасткунии то се SIM-корти иловагӣ ва идоракунии гаҷетҳои гуногун имкон медиҳад, маъруфияти худро  нигоҳ медорад.

АКС: ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» 

 

 

Апрель 17, 2025 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад