Зиндагии ободи Тоҷикистон бе ҲНИТ

Октябрь 4, 2016 14:08

Душанбе, 04.10.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вақте дар бораи миллат, арзишҳои миллӣ, таърихи миллат сухан меравад, беихтиёр ба таърихи дури миллати куҳанбунёди тоҷик назар меафканем. Пас аз давлати асримиёнагии тоҷикон-давлати Сомониён то имрўз ин миллат чӣ қадар рўзҳоро аз сар гузаронид, ки ҳар лаҳза метавонист ба ҳолати нестӣ равад. Дур намеравем, оғози солҳои бистуми асри гузашта, ки қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ чӣ қадар ҷоннисориҳо барои пойдории миллат ба зуҳур овардааст. Ӯ танҳо барои ҳимояи вожаи  тоҷик  ва  миллати тоҷик  муборизаҳои сахтеро аз сар гузаронид.

Имрўз дар ҷомеаи исломӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон ва дар натиҷа, сар задани ихтилофоти мазҳабӣ мегарданд.

Чунин як равия дар асри дувоздаҳуми ҳиҷрӣ хуруҷ карда, худро «Ал-муваҳҳидун» номид. Таълимоти он бо исломи аслӣ, ки аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат маншаъ мегирифт, созгор набуд. Аз ин рў, мардум онҳоро «ваҳҳобӣ» ва баъдан «салафӣ» ном ниҳоданд.

Муассис ва идеологи салафия Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мебошад, ки соли 1111 ҳиҷрии қамарӣ ба дунё омада, баъд аз омўзиши улуми исломӣ як қатор ақидаҳои худро паҳн намуд. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро мавриди интиқод қарор дода, бо онҳо дар масъалаҳои худошиносӣ, фиқҳ, усул, ақида ва тафсир мухолифат дошт. Ин буд, ки ақидаҳои ўро мардуми мусулмон қабул накарда, худашро аз Наҷд, Мадина, Кўфа, Бағдод ва дигар шаҳрҳое, ки он ҷо сукунат намуда, ақидаҳои худро паҳн менамуд, шармандавор ронданд.

Имрўз пайравони ў, идеологҳои салафӣ аз қабили Ибни Таймия, Носируддин Албонӣ, ал-Усаймин, Ибни Боз ва дигарон бар он назаранд, ки Худованд дорои чеҳра, ду даст, ангуштон буда, дар болои Арш истиво дорад, ба осмони дунё фуруд меояд ва амсоли ин, ки мутааллиқ ба оёти муташобеҳ мебошад.

Омили асосии ихтилофоти салафия бо мазҳабҳои чоргона- ин эътироф накардани қиёс, урф, истеҳсон ва бидъат хондани анвои ибодот, ки бо далели возеҳ тасдиқ нашуда мебошад. Аз ҷумла, салафия «ломазҳабият», яъне бемазҳабиро авло дониста, тақлид, тавассул-дархост аз Худо ба воситаи Паёмбар (с), тавассул ба воситаи некўкорон, зиёрати қабрҳо, табаррук ҷустан, яъне баракат гирифтан аз осори Паёмбар (с), таҷлили мавлуди Набӣ (с), зикр ва дуои баъд аз намоз ва дигар масъалаҳои муҳими диниро бидъат эълон намуда, инчунин дар масоили фиқҳӣ, мисли тарзи адои намоз-бастани дастҳо, васеъ гузоштани пойҳо, гуфтани такбир, ишораи сабоба, намози таровеҳ тафовут доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин масъала ҳамеша дар маърўзаву суханрониҳои хеш изҳори назар мекунанд, бо таассуф зикр мекунанд, ки ҷавонони мусулмон, бархе аз фарзандони миллати барўманди тоҷик имрўз дар кишварҳои Сурия, Покистон, Афғонистон ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бо баҳонаи «ҷиҳод» ба даст силоҳ гирифта, мардуми бегуноҳро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, аз ариқи телевизион ба мардуми Тоҷикистон таҳдид мекунанд, равиши худро мазҳаб меноманд, Имоми Аъзамро муҷоҳид мегўянд. Шиносномаҳои худро сўзонида, аз ватану миллат рўй гардониданд. Он кирдорҳоеро, ки аз тариқи телевизион намоиш дода шуданд, мардуми моро огоҳ намуд ва ҳушдор дод. Мо бояд бедор шавем, зеро имрўз ба ҳамаи мо хатар таҳдид мекунад.

Дар ин раванди номатлуб Ҳизби назҳати ислом низ таъсири худро гузошт. Фаъолияти он дар доираи қонун басе аъмоли ғайриқонуниро рўи кор овард. Бо баҳонаи тарғиби анъанаҳои неки исломӣ онҳо ғояҳоеро ташвиқ намуданд, ки зимнан мардум-хоса пайравони эшон дар ниҳодашон як андоза ғаразу кина ва адоватро нисбат ба Ватану кишвар пайдо карданд. Онҳо фаромўш карданд, ки дар дунё кишваре вуҷуд надорад, ки бе мушкиливу бе масоили ҳалталаби рўзмарра мардумаш умр ба сар барад. Онҳо фаромўш карданд, ки ин низоъҳои бебунёд метавонанд ба ҷангу ҷидол оранд ва мардумро аз зиндагии осоишта маҳрум созанд. Яъне ин ҷо метавон ҳадс зад, ки ҲНИТ то охир натавонист зери ниқоб амал кунад ва чеҳраи аслии хешро ифшо намуд. Аксари пайравон ва аъзои ҳизб низ дарк карданд, ки аз сарвари гурезаи эшон умеде нест ва тан ба тақдир супориданд. Қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ ҳарчанд дертар шуд, вале ба фоидаи миллати тоҷик мебошад.

Аз соли 2006-ум инҷониб дар мамлакат фаъолияти 17 ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ансоруллоҳ», «Гурўҳи 24», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», Салафия ва дигарҳо манъ карда шудааст. Вале ин гурўҳу ҳаракатҳо имрўз муборизаро бо шаклу намудҳои дигар ба роҳ мондаанд, ки ҷалби шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия ба задухўрдҳои давлатҳои хориҷӣ — Сурияву Ироқ аз ҷумлаи онҳо аст. Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд. Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дўст дорем, ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.

Мо тоҷикон  бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ бе мавҷудияти ҳизбу ҳаракат истифода намоем.

 

Шарифхон Тиллоев,  рўзноманигор,

                                     сиёсатшиноси ҳарбии собиқ ИҶШС

Октябрь 4, 2016 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шибит давои хуб барои бемориҳои узвҳои ҳозима аст
«БОЗ ДАР ГӮШАМ РАСАД САВТУ НАВОИ ШАШМАҚОМ». Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад
««ШОҲНОМА»- МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Андешаҳо оид ба таъсири «Шоҳнома» ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хӯрдани сирпиёз масунияти баданро боло бурда, пиршавиро пешгирӣ менамояд
Фарҳангиёни Тоҷикистон бояд дар зеҳни ҷавонон тафаккури солими миллиро инкишоф дода, Ваҳдати миллиро таҳким бахшанд
МУАЛЛИМИ МАН
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин