«Парасту-2017» ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Туҳфа Фозилова бахшида мешавад

Январь 5, 2017 09:56

ДУШАНБЕ, 05.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Туҳфа Фозилова аз 18 то 24 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2017» доир мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барои иштирок ба Фестивал-озмун тамоми театрҳои касбии ҷумҳурӣ бо беҳтарин намоишномаҳое, ки тӯли солҳои 2015-2016 рӯи саҳна омадаанд, даъват карда мешаванд.
«Интихоби мавзӯи намоишномаҳо озод аст, вале афзалият ба асарҳои драматургони тоҷик дода мешавад, ки дар мавзӯи дастовардҳои замони Истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, созандагиву ободонӣ, муковимат бо коррупсия ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир эҷод гардидаанд»,- хабар доданд аз вазорат.
Бояд гуфт, ки Фестивал-озмун бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.

vahdattuhfa-fozilova

Январь 5, 2017 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд