Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов

Февраль 13, 2017 16:00

ДУШАНБЕ, 13.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич,

Ба муносибати пирӯзии комили Шумо дар интихоботи навбатии Президенти Туркманистон табрикоти самимии маро қабул фармоед.

Аз нав интихоб шудани Шумо ба ин маснади масъули давлатӣ баёнгари возеҳи эътимоди баланди мардум нисбат ба роҳи сиёсие мебошад, ки таҳти роҳбарии Шумо ба хотири шукуфоии бемайлони кишвар ва некуаҳволии мардуми он мавриди татбиқи амалӣ қарор дорад.

Итминон дорам, ки дар давраи нави фаъолияти президентии Шумо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон минбаъд низ ба нафъи ду давлат ва мардумонашон таҳкиму рушд хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Гурбонгулӣ Маликгулиевич, тансиҳатии комил ва комёбиҳои нав дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми Туркманистон сулҳу ободӣ таманно дорам».

Февраль 13, 2017 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лео XIV барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар шаҳри Москва иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ва паради ҳарбӣ дар Боғи Ғалаба иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои низомӣ ва як қатор вазорату идораҳои дигар таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид