Роҳҳои гурез барои террористон баста мешаванд

Февраль 16, 2017 15:18

ДУШАНБЕ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Хадамоти иттилоот ва амният (ХИА)-и Молдова шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистонро, ки дар алоқа бо аъзои созмонҳои экстремистию террористии байналмилалӣ гумонбар дониста мешуд, боздошт намуданд. Ӯ ҳамчунин «ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва бо гумони алоқа доштан бо гурӯҳҳои хурди ҷиҳодии Сурия» зери назорати хадамоти махсуси Тоҷикистон қарор дошт. Ҳангоми кофтуков аз боздоштшуда далелҳои моддии тасдиқкунандаи назари радикалии ӯ, инчунин адабиёт ва маводи дорои хусусияти экстремистӣ дарёфт гардиданд. Тибқи созишномаҳо ва тартиботи байналмилалӣ, вуруди ин шаҳрванди хориҷиро ба ҳудуди Молдова манъ карданд ва ӯ ба ватан фиристода мешавад. Ин ҷо, кормандони амният фаврият нишон доданд, ки, мутаассифона, на ҳама вақт чунин мешавад.
Бино ба ҳуҷҷатҳои дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашргардида, директори Хадамоти федеролии амнияти (ФСБ) Россия Александр Бортников амр додааст, ки барои «фароҳам овардани шароити зарурии ҳифзи сарҳадоти давлатии Федератсияи Россия» дар минтақаҳои наздисарҳадии ҳаммарз бо Беларус вилоятҳои Смоленск, Брянск ва Псков минтақаҳои сарҳадӣ ташкил карда шаванд. Сардори кумитаи Шӯрои Федератсия Константин Косачев маънидод намуд, ки минтақаҳои сарҳадӣ барои шаҳрвандони кишварҳои сеюм пешбинӣ шудаанд ва барои шаҳрвандони Россия ва Беларус маҳдудиятҳои нав ба бор намеоранд. Ин тадбир барои пешакӣ огоҳ намудан аз вуруди шахсони бо созмонҳои экстремистию террористӣ ё бо онҳо алоқаманд иртибот доранд, дар ҷустуҷӯ буда, фирорӣ ва дорои таҳдиди воқеӣ ба атрофиён дар кишварҳои зикршудаанд, имкон медиҳад. Минтақаи сарҳадӣ миёни Россия ва Беларус дар ояндаи наздиктарин фаъол хоҳад шуд. Мувофиқи қонун дар бораи сарҳади давлатӣ, убури одамон ва ё вуруди автомобилҳо ба минтақаи сарҳадӣ бо шиносномаҳо ва рухсатномаҳо сурат мегирад.
То ҳол баъзе аз қисматҳои алоҳидаи Россия, Беларус ва Украина барои аксари фирориёни (на гурезагон!) кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз адолат мегурезанд, роҳи осони расидан ба Аврупо маҳсуб мешавад. Маҳз шоҳроҳи автомобилгарди асосӣ ба Полша ва баъдан ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тавассути ҳудуди Беларус ва Украина мегузарад. Ҳоҳишмандон тавассути автомобил ё қатора ба Минск рафта, аз он ҷо бо ҳавопаймо ба тамоми гӯшаю канори дунё парвоз мекунанд. Аз ин роҳ онҳое истифода мекунанд, ки баромаданашон аз Россия манъ аст ва ё шахсони транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Тавассути Беларус ва Украина на ҳама вақт қонунан шаҳрвандони Қафқози Шимолӣ (Чеченистон) ва фирориёни Осиёи Миёна ба Аврупо мераванд.
Масалан, далелҳое ҳастанд, ки роҳбарият ва аъзои фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони экстремистию террористӣ эътироф шудааст ва дар ҳудуди кишвар мамнуъ мебошад) барои татбиқи минбаъдаи нақшаҳои зиддиконститутсионӣ бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойгиршавии ҷуғрофии Беларус ва Украина, ки ҳаммарз бо Полша мебошанд, истифода мекунанд. Онҳо ҳамроҳ бо оилаҳояшон зери ниқоби гуреза пинҳон шуда, бо роҳи транзит тавассути Беларус ва Украина ба ҳудуди Полша ворид мешаванд. Дар кишвари худ фаъолони ҲНИТ дар содир намудани ҷиноятҳои вазнини зиддидавлатӣ гунаҳкор дониста мешаванд ва дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд.
Дар хориҷа онҳо худро ҳамчун фаъолони озодандеши ҷомеаи шаҳрвандӣ нишон медиҳанд. Бе муайян намудани шахсияти онҳо аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор, онҳо ҳуҷҷатҳои расмии худро нобуд месозанд ва ба худ номҳои сохта касб карда, тарҷумаи ҳоли бардурӯғ мебофанд. Ҳукумати Полша аз рӯи маълумоте, ки аз суханони онҳо навишта шудааст, ба онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият медиҳад ва онҳоро бо маҷмӯи хизматрасониҳои иҷтимоӣ таъмин менамояд. Чанде қабл дар ВАО «қаҳрамоне» нишон дода шуда буд, ки ҷуръат кардааст ба худ ҳашт ҳуҷҷати қалбакӣ гирад. Ҳадафи минбаъдаи шахсони транзитӣ гузаштан ба дигар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Германия, ки он ҷо қароргоҳи ҲНИТ ҷойгир аст, мебошад. Бархе аз онҳо ният доранд ба Эрон, Покистон, Туркия ё Сурия раванд. Баъдтар онҳо тасмим доранд барои татбиқи нақшаҳояшон ҷиҳати ноором кардани вазъ ва ташкили давлати исломӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ватан баргарданд.
Аз ин рӯ, қарори Россия оид ба пурзӯр кардани назорати сарҳади давлатӣ дар мубориза бар зидди зуҳуроти террористӣ ва ниятҳои шаҳрвандони кишварҳои сеюм тадбири зарурӣ гардид.

Андрей БУГАЙ

Февраль 16, 2017 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Суд метавонад аз ҳисоби падару модар ба манфиати фарзанд то 20-24-солагӣ алимент ситонад
МАСЛИҲАТИ РАВОНШИНОС. Чӣ тавр кӯдакро ба таҳсил ҳавасманд кардан мумкин аст?
ЛИБОСИ МИЛЛӢ-ШИНОХТИ МИЛЛАТ. Арҷ гузоштан ба он нишонаи эҳтиром ба гузаштагон аст
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
АБАРУСТОДИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо барои ҳаёти сокинони сайёра муҳиму саривақтӣ мебошанд
Нақши воситаҳои ахбори омма дар татбиқи сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас аст
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд
Чаро дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Файзобод заминҳои хоҷагии ёрирасон самаранок истифода намешаванд?
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҚАБАТИ ОЗОН. Нақши Тоҷикистон дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ назаррас аст
Ноҳияҳои минтақаи Рашт дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ пешсаф мебошанд
ХАТИ ЗЕБО НИШОНАИ ДАРКИ МАСЪУЛИЯТ. Имрӯз дар бисёре аз муассисаҳои таълимӣ ба ин масъала чандон эътибори ҷиддӣ намедиҳанд