Вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Мирзо: «Ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад»

Февраль 23, 2017 16:37

ДУШАНБЕ, 23.02.2017  /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола  23  феврал  дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, иди ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан таҷлил мегардад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд.Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ барои давлати ҷавони мо давраи ниҳоят душвор буд. «Нарасидани техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва одитарин ҷузъиёти ҳарбӣ, аз қабили сару либос ва ҷойи хоби афсарону аскарон ҳар лаҳза эҳсос мешуд»,- изҳор доштанд Сарвари давлат.

Оид ба таърихи таъсиси Артиши миллӣ  ва бурду бохти он дар давоми 24 соли охир мухбири АМИТ «Ховар»  бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо мусоҳиба анҷом дод, ки онро пешкаши хонандагон менамоем.

«Ховар»: Қувваҳои мусаллаҳро сипари боэътимоди Ватан мегӯянд. Шумо ба ин баҳо  чӣ илова карда метавонед?

Шерали Мирзо ВазирШералӣ Мирзо: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки  зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандўстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Ва ин, албатта, беваҷҳ нест. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти хатарнок метавонанд сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи сокинони кишвари моро халалдор намоянд.  Аз ин рў Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рўзҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати доимии худ қарор додаанд. Чунки дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе  Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад.

«Ховар»: Шумо ба қобилияти ҷангии артиши мо имрӯз чӣ гуна баҳо медиҳед?

Шералӣ Мирзо: Имрӯз ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сол пур шуд.

Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ, сарфи назар аз он, ки  кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи худ шурўъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне  ташкили Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр шурўъ гардид.

18 декабри соли 1992 аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. 23 феврали соли 1994 дар солгарди нахустини Артиши миллӣ паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рўз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии ҳарбии кишварҳои хориҷӣ қариб 800 нафар таҳсили илми низомӣ менамоянд, ки ин ҳайатро курсантону шунавандагон ташкил медиҳанд.

«Ховар»: Барои таҳкими қисмҳои низомии Вазорати мудофиа, аз ҷумла таъмини онҳо бо таҷҳизот ва лавозимоти муҳими ҷангии муосир чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

Шералӣ Мирзо: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд. Ҳамасола тибқи нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар маҷмўи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳама гарнизонҳо  гузаронида мешаванд. Танҳо дар давоми соли 2016 дар тамоми гарнизонҳои ҷумҳурӣ беш аз сад ҳазор нафар шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта ба ҷамъомаду машғулиятҳои гуногуни таълимӣ фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, зиёда аз ҳазор адад техникаҳои зиреҳпўши ҷангиву артиллерӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдор, авиатсияи ҳарбӣ, мошинҳои боркашу нақлиётӣ дар машқҳои муштараки дохили кишвар истифода шуданд.

Рузи артиши милли-5

Умуман дар давоми 24 сол дар Қувваҳои мусаллаҳ аз ҳисоби афсарону сарбозон ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаҳои мухталифи яроқу аслиҳа, аз қабили нишонгир-снайперҳо, парашутистон, минаҷўён, тирандозон, нишонгиру ронандагони техникаҳои вазнини зиреҳпўши ҷангӣ, ҳавонавардони ҳарбӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гашта, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси неруҳои эҳтиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили истиқоматӣ низ  ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар давоми панҷ соли охир дар ҳудуди ҳамаи вилоятҳо ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиа наздики 400 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо манзили зист таъмин гардиданд. Бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома дорад.

«Ховар»: Барои пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо кадом тадбирҳо гузаронида мешаванд?

Шералӣ Мирзо: Сатҳи баланди омодагии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва аз эҳсоси баланди ватандўстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад.  Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣ иштирокчиёни фаъоли ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявианд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо корҳои тарғиботӣ бурда мешаванд.

Ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомўзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст.

Айни замон Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникиро ба роҳ мондааст.

«Ховар»: 24-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол бо кадом рӯҳия таҷлил мешавад? 

Шералӣ Мирзо: Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 24-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи кишвар барномаҳои сиёсиву фарҳангӣ ва варзиширо ба нақша гирифта, онро тадриҷан амалӣ намуда истодаанд.

Дар соли 2017 аз сарбози қаторӣ то хизматчиёни ҳарбии олирутбаи Вазорати мудофиа шиори «20-солагии Ваҳдати миллиро бо неруи тоза ва омодабошии баланди ҷангӣ пешвоз мегирам»-ро қабул намуда, баҳри таъмини амнияти марзу буми аҷдодӣ ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа доимо тайёранд.

«Ховар»: Шумо ва дар шахси Шумо тамоми хизматчиёни ҳарбиро бо бо ин рӯзи саид самимона табрик мегӯям!

Шералӣ Мирзо: Ташаккур.

 

Лутфия ЭШОНҚУЛОВА

Февраль 23, 2017 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст