Аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад

Март 2, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 1 март дар шаҳри Исломобод баргузор гардид, изҳор доштанд: «Таҳкурсии асосии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳҳои барқи обӣ иборат мебошад, ки истеҳсоли 98 фоизи неруи барқро дар кишвар аз манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия таъмин менамояд. Аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад ва захираҳои умумии гидроэнергетикии он дар ҷаҳон яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд. Ин захираҳо имкони истеҳсоли солона то 527 миллиард киловатт- соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тозаро медиҳанд ва имрӯз танҳо 5 фоизи онҳо истифода мешаваду халос. Ва ин дар ҳолатест, ки талаботи бозори энергетикии минтақаи фарохи созмон ба неруи барқ рӯ ба афзоиш аст.
Дар идомаи суханронии худ дар Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ Президенти кишвар ёдовар шуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсол ва истеъмоли неруи барқ барои таҷдиди неругоҳҳои мавҷуда, сохтмони иқтидорҳои нави тавлиди барқи обӣ, истифодаи васеи дигар манбаъҳои барқароршавандаи истеҳсоли неруи барқ, инчунин ҷорӣ намудани усулҳои муосири истифодаи сарфакоронаи он пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуданд, ки ин тадбирҳо баробари таъмини амнияти энергетикӣ дар сатҳи миллӣ аҳамияти минтақавӣ низ доранд, зеро ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти рӯзафзуни ҳамсояҳои дуру наздики мо ба неруи барқ нигаронида шудаанд.

Март 2, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем