Дар Душанбе ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки зиёда аз 1000 нафар доир гардид

Март 13, 2017 15:57

ДУШАНБЕ, 13.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахт бо ташаббуси дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию сабзазоркунӣ таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр — рисолати сокинони пойтахт» дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ҳашари умумишаҳрӣ доир гардид.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ҳашари умумишаҳрӣ зиёда аз 1000 нафар кормандони сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳои пойтахт ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни ҳашар, аҳли ҷамоати шаҳр, бахусус ҷавонон бо риояи талаботи агротехникӣ ва тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳолҳо, поку тоза кардани гулгашту майдончаҳо ва ҳудуди боғро ба роҳ монда, корҳои ободониву сабзазоркунӣ ва маъракаи ниҳолшинониро вусъат доданд.
Чунин ҳашарҳои умумӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз дар дигар мавзеъҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, муассисаву ташкилотҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Душанбе доир шуданд.

Март 13, 2017 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад