Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Апрель 16, 2024 17:21

ДУШАНБЕ, 16.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол-2023» дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, «Омӯзгори сол-2023»-10 ҳазор сомонӣ ва ба «Хонандаи сол-2023»- 6 ҳазор сомонӣ ҷоизаҳои молиявӣ тақдим мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Тақдими мукофотпулиҳо ба ғолибон дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар буда, ҳадаф аз он дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ — маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт мебошад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар  мамлакат  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол таҷлили он ба 20 апрел рост меояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 16, 2024 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд
Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳунармандону косибон таҳти унвони «Беҳтарин усто ва шогирд» баргузор шуд
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Антверпен робитаҳои фарогир таҳким меёбанд
Даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад