Автобусҳои тамғаи «Isuzu» рӯзҳои наздик ба Душанбе мерасанд

Апрель 7, 2017 17:39

ДУШАНБЕ, 07.04.2017/ АМИТ «Ховар»/. 40 адад автобуси нави мусофиркашонии тамғаи «Isuzu», ки аз Туркия харидорӣ гардидаанд, рӯзи якшанбе, 9 апрел ба Душанбе мерасанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд. Манбаъ афзуд, ки алҳол 20 адади автобусҳо дар қаламрави Ӯзбекистон ва боқимонда дар марзи Туркманистону Ӯзбекистон ҳаракат доранд. Автобусҳои нав, ки дар корхонаи муштараки ҷопонию туркӣ дар Туркия истеҳсол гардидаанд, аз ҷониби ронандагони тоҷик ва таҳти роҳбаладии мутахассисони туркӣ ба пойтахт оварда мешаванд.
Интизор меравад, ки автобусҳои нав ҳамчун нақлиёти ҷамъиятӣ дар хатсайрҳои пойтахт ба мусофирон хизмат расонанд. Харидории автобусҳои нав аз Туркия ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бахши нақлиёти мусофиркашонӣ дар пойтахт мусоидат хоҳад кард. Бо ҳаракат намудани автобусҳои нав дар хатсайрҳои пойтахт мушкилоти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ҳалли худро хоҳанд ёфт, зеро 10 адад микроавтобусҳо агар майдони 325 метри мураббаъро гиранд, як адад автобуси тамғаи «Isuzu» танҳо 72 метри мураббаъро мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар ҳудуди пойтахт 250 адад автобусу троллейбусҳо ва ду ҳазор микроавтобусҳои бахши хусусӣ ба мусофирон хизмат мерасонанд.
Мавриди зикр аст, ки 15 феврали соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолони пойтахт ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷиҳати беҳтар сохтани фаъолият ва сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини тартибу низом ва аз байн бурдани танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт ва дар робита ба ин, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Avtobusy-Dushanbe34

Апрель 7, 2017 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад