Ниммарафони байналмилалии Душанбе: варзишгари Эфиопия аз ҳама пеш ба марра расид

Апрель 18, 2017 10:15

ДУШАНБЕ, 18.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ниммарафони VIII байналмилалӣ гузаронида шуд, ки он бо ғалабаи варзишгарони Эфиопия ва Қирғизистон ҷамъбаст шуд. Дар ниммарафон ба ғайр аз варзишгарони тоҷик, варзишгарони Афғонистон, Беларус, Бразилия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Олмон, Покистон, Россия, Ӯзбекистон, Украина, Франсия, Ҳиндустон, Чин, Шведсия, Эрон ва Эфиопия иштирок карданд.
Масофаи ниммарафон 21 километру 97,5 метрро ташкил дода, аз «Наврӯзгоҳи пойтахт» шурӯъ шуд ва дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, маҳаллаи Хуҷамбиё, дидбонгоҳи Чорбоғ, хиёбони Рӯдакӣ ва майдони «Дӯстӣ» (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) давом кард. Шумораи иштирокчиёни марафон имсол ба 134 нафар варзишгар баробар шуд, ки 113 нафарро мардон ва 21 нафарро занон ташкил доданд.
Дар мусобиқа миёни мардон Тилаҳун Гирма аз Эфиопия бо натиҷаи 1 соату 4 дақиқаю 58 сония мақоми аввалро соҳиб шуд. Самуэл Вайтака Майна аз Кения (1:06,03) мақоми дуюм ва Адилет Киштанбеков аз Қирғизистон (1:06,24) мақоми сеюмро ба даст оварданд.
Дар дави занон Виктория Полюдина аз Қирғизистон бо натиҷаи 1 соату 13 дақиқаю 19 сония ғолиб омад. Юлия Шматенко аз Украина (1:13,51) мақоми дуюм ва Ситора Ҳамидова аз Ӯзбекистон (1:14,19) мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
Дар ниммарафон аз байни варзишгарони тоҷик Меҳрангез Назарова ва Ҳасан Ғаффоров беҳтар буданд. Меҳрангез бо натиҷаи 1:29,50 миёни занон ҷои ҳафтум ва Ҳасан бо натиҷаи 1:11,17 байни мардон ҷои ҳаштумро соҳиб шуданд.
Ниммарафони байналмилалӣ, ки аз соли 2010 гузаронида мешавад, аслан баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамаҷониба бо бародаршаҳрҳо равона гардидааст ва он имсол бори 8-ум барпо гардид.
Обрӯю нуфузи дави марафонии шаҳри Душанбе дар доираи мусобиқоти ҷаҳон мавқеи хосро касб карда, соли 2014 ба тақвими мусобиқоти байналмилалии дави ҷаҳонӣ шомил шудааст.
Шаҳрдорӣ барои баргузории ниммарафони VIII байналмилалӣ 316 ҳазору 620 сомонӣ ҷоиза ҷудо кард ва он ба варзишгароне, ки дар ин ниммарафон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро ба даст оварданд, супорида шуд. Меъёри ҷоизаҳои молии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои давандаҳо чунин буд: барои ҷойи аввал — 28 ҳазору 700 сомонӣ, ҷойи дуюм — 24 ҳазору 600 сомонӣ, ҷойи сеюм — 20 ҳазору 500 сомонӣ, ҷойи чорум — 16 ҳазору 400 сомонӣ, ҷойи панҷум — 14 ҳазору 760 сомонӣ, ҷойи шашум 12 ҳазору 300 сомонӣ.
Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ аз оғоз то ба имрӯз инҳоянд:
Занон
2010 Надежда Поволяева (Россия)
2011 Алёна Самохвалова (Россия)
2012 Камила Ханипова (Россия)
2013 Александра Дулиба (Беларус)
2014 Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)
2015 Юлия Чиженко (Россия)
2016 Даря Маслова (Қирғизистон)
2017 Виктория Полюдина (Қирғизистон)
Мардон
2010 Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)
2011 Михаил Биков (Россия)
2012 Андрей Петров (Ӯзбекистон)
2013 Андрей Петров (Ӯзбекистон)
2014 Роман Романенко (Украина)
2015 Юрий Чечун (Россия)
2016 Либога Вилсон (Кения)
2017 Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

Апрель 18, 2017 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад