Рӯзи баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи Душанбе муайян гардид

Апрель 8, 2017 10:26

ДУШАНБЕ, 08.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қарори навбатии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи даъват намудани иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи Душанбе, даъвати панҷум ба тасвиб расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, 18 апрели соли 2017, соати 9:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 80 баргузор мегардад.
Ба рӯзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, гузориши раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии № 25 ва 62 ва масъалаҳо оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017 «Дар бораи Раиси шаҳри Душанбе таъин намудани Рустами Эмомалӣ», ҷараёни татбиқи барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавриди Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017, дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе дохил карда шуданд.
Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, хоҳиш карда шуд, ки тибқи ҷадвали замимагардида то 14 апрели соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Апрель 8, 2017 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 26 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад