Чӣ тавр компютер ва дигар таҷҳизоти иттилоотию кооммуникатсиониро дар Тоҷикистон аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин бояд нигоҳ дошт?

Май 17, 2017 14:20

ДУШАНБЕ, 17.05.2017./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, ба наздикӣ вирусии глобалии «WannaCry» муддати се рӯз ба таҷҳизоти иттилоотию коммуникатсионии беш аз 150 давлати дунё сироят намуд. Ба ибораи дигар, даҳҳо ҳазор компютерҳои беш аз 200 ҳазор истифодабарандагон  дар саросари ҷаҳон мавриди ҳамлаи хакерӣ қарор гирифтанд.

Вируси «WannaCry» (номи пуррааш — Wanna Decryptor, мухтасар. — wCry) ба ибораи «wanna Cry» («гиристан мехоҳам») ҳамсадо буда, бори аввал 12 майи соли равон фаъол гардид. Ин барномаи зиёноварест, ки тавассути он хаккерҳо ба маводҳои барои истифодабарандагон зарурӣ роҳ меёбанд ва аз соҳибони ин маводҳо ба ивази баргардонидани онҳо пул талаб менамоянд.

Тавре нашрияи «Newsader» навиштааст, 95% сирояти ин вирус ба Россия рост меояд. Дар рӯйхати кишварҳои сироятпазир, ки ин нашрия ба табъ расонидааст, дар қатори Россия инчунин номи ИМА, Белгия, Украина, Тайван, Ҳиндустон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари олам зикр шудаанд. АМИТ «Ховар» дар бораи он ки вируси номбурда дар Тоҷикистон ба кадом компютерҳо зиён овардааст, маълумот ба даст оварда натавонист.

Аммо далели он ки компютерҳо дар Тоҷикистон низ аз ҳамлаи хакерҳо эмин нестанд, равшан аст. Хотиррасон менамоем, ки 14 январи соли гузашта сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.maorif.tj) ва 13 январи соли 2015 сомонаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Франсия  (www.tajembfrance.fr)   дучори ҳамлаи хакерҳо гардида буданд.

Барои ҳимояи таҷҳизоти иттилоотию коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистогн чӣ тадбирҳо андешида шудаанд ва андешида мешаванд? Дар ин бора гузориши сардори Раёсати Бозрасии давлатии техники Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Яқубовро пешкаши хонандагон менамоем.

 Амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз қисматҳои таркибии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ҳолати ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа ва давлатро дарбар мегирад. Дар маҷмӯъ таҳдид ва хатарҳо ба амнияти иттилоотии Тоҷикистон, усулҳои таъмини ҳифзи иттилоот умумӣ мебошанд. Новобаста ба ин, дар ҳар кадоме аз соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ҷомеа ва давлат вобаста ба омилҳо дар қатори усулҳои умумии таъмини амнияти иттилоотӣ усулҳои хусусӣ ва шаклҳое истифода мешаванд, ки ба фаъолияти соҳаҳои мухталиф хос мебошад.

Масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо ин мақсад бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003, таҳти №1175 «Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуда, дар асоси он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004, №290 « Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст.

Асос барои қабули санади меъёрии ҳуқуқии зикргардида Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» мебошад. Қонуни номбурда 2 декабри соли 2002 таҳти №74 ба имзо расидааст ва он принсипҳои асосии таъмини ҳифзи иттилоот ва танзими муносибатҳои ҳуқуқии дар ин соҳа бавуҷудомадаро муқарар менамояд.

Тибқи қонуни мазкур, субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи иттилоот давлат дар шахси мақомоти идоракунии давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки онҳо ҳуқуқи муқаррар be-slimmer.net қоидаҳо ва тартиби истифодабарии иттилоот, инчунин муайян намудани маҳдудиятҳоро нисбат ба он доранд. Ин субектҳо ўҳдадоранд, ки маҷмўи тадбирҳоро бо мақсади пешгирӣ намудани хориҷшавӣ, дуздӣ, гумкунӣ, нобудсозии беиҷозат, ғалат маънидодкунӣ, тағйирдиҳӣ нусхабардории беиҷозат ва бастани роҳҳои паҳншавии иттилоот андешанд. Яъне соҳибмулк қоидаҳо ва дараҷаи маҳдудияти истифодаи иттилооти ҳуҷҷатнокгардидаро, ки объекти ҳифз мебошад, муқарар менамояд.

Аз ҷумла:

1.Чораҳои ташкилии ҳифзи иттилоот:

— маҳдуд кардани даромад ба утоқе, ки аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо барои бурдани фаъолият бо иттилооти дорои сирри давлатӣ ва ё дигар иттилооти дастрасиаш маҳдуд ҷудо карда шудааст;

-бо воситаҳои техникии ҳифзи ҷисмонӣ таъмин намудани чунин утоқҳои корӣ;

-таҷҳизонидани дарҳои даромад бо қулфҳои махсусе, ки онҳо имконияти ворид гаштан ба чунин утоқҳо ва ҳамчунин ба биноҳои дорои низоми махсусро маҳдуд менамоянд;

-иҳота кардани ҳудуд ва ҷойгиронии деворҳои чунин биноҳо дар масофае, ки имконияти нурафкании самараноки электромагнитии воситаҳои техникии коркарди иттилоотро инкор менамоянд;

-истифодаи воситаҳои ҳифзшудаи коркард, интиқол, нигоҳдории иттилооти ҳуҷҷатшуда.

2.Чораҳои ҳифзи воситаҳои коркарди иттилоот:

-воситаҳои коркади иттилоот бояд бо воситаҳои барномавии зерин таъмин карда шаванд, ки маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоот дар сатҳҳои гуногун, идентификация ва аутентификацияи истифодабарандагонро таъмин намоянд:

а) воситаҳои барномавии таъминкунандаи ҳифзи иттилоот ва тасдиқи ҳаққонияти он ҳангоми интиқол тавассути шабакаҳои алоқа;

б) воситаҳои барномавии таъминкунандаи яклухтии маҳсулоти барномавӣ ва ҳифзи он аз нусхабардорӣ, ҳимоя аз вирусҳо ва дигар барномаҳои зараррасон;

в) воситаҳои барномавии таъминкунандаи ҳимоя аз вирусҳо ва дигар барномаҳои зараррасон;

г) воситаҳои нобудкунии иттилоот;

д) системаи хабардоркунӣ ҳангоми фаъолияти берухсат;

в) экранҳои ҳифзи байнишабакавии корпоративӣ аз ҳуҷум тариқи шабакаҳои иттилоотии глобалӣ ба монанди Интернет.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти раванди технологии муосир 1 октябри соли 2004  таҳти №404 Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, атестатсияи объектҳои иттилоотонӣ, тартиби бақайдгирии давлати онҳоро тасдиқ намуд.

Санади мазкур принсипҳи асосӣ, сохтори ташкилии сертификатсияи ҳатмии воситаҳои ҳифзи иттилоот, тартиби гузаронидани сертификатсия, инчунин назорати давлатии сертификатсия ва воситаҳои сертификатсияшавандаи ҳифзи иттилоотро муқарар менамояд.

Амали  Низомномаи мазкур нисбат ба воситаҳои техникӣ, барномавӣ ва дигар воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки барои ҳифзи иттилоот аз ихроҷ, таъсири беиҷозат ва беғаразона, дастрасии беиҷозат, разведкаи  техникӣ, инчунин воситаҳои барои назорати самарабахшии ҳифзи иттилоот пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда мешавад.

Барои тақвият додани фаъолият дар самти ҳифзи иттилоот бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2005 таҳти №508 «Дар бораи Дастурамали тартиби ягонаи гузаронидани экспертиза, тасдиқ ва назорати лоиҳаҳо оид ба бунёд ва рушди объектҳои иттилоотонӣ дар Ҷумҳурии Тоxикистон» мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ӯҳдадор карда шуданд, ки ҷиҳати таъмини бехатарии иттилоотӣ ҳамаи лоиҳаҳои вобаста ба бунёд ва рушди   объектҳои иттилоотонӣ ё ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро   аз экспертизаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронанд.

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот» воситаҳо, аз ҷумла воситаҳои истеҳсоли хориҷӣ, ки барои ҳифзи иттилооти дорои сирри давлатӣ ва дигар иттилооти дастрасиаш маҳдуд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳифз карда шаванд, иншооти дорои аҳамияти мудофиавӣ ё иқтисодӣ ва воситаҳои барои муқовимат ба разведкаи техникӣ пешбинигардида, ки ба амнияти давлат таъсир мерасонанд, бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд. Номгўи воситаҳои ҳифзи итилоот, ки бояд ҳатман сертификатсия шаванд, аз тарафи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Санҷишҳои сертификатсионӣ тибқи 16 стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи иттилоот ва имзои электронии рақамӣ, ки онҳо дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд,  инчунин «Қоидаҳо оид ба шартҳои ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005 таҳти № 203 тасдиқ карда шудааст,  ба амал бароварда мешаванд.

Тибқи банди 4 Қоидаҳои номбурда, ҳамаи воситаҳои техникии ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, захира, барҳам додани иттилоот бо мақсади ҳифзи он аз ҷумла биноҳо, иншоот, техникаи ташкилӣ, шабакаҳои инженерӣ, ки дар биноҳои коркарди иттилоот истифода бурда мешаванд, аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази ҳифзи техникаи иттилоот, сертификатсия ва экспертизаи»-и Саридора (минбаъд- КВД «Марказ») таҳти санҷиш қарор дода мешаванд.

Санҷишҳои техникии КВД «Марказ» дар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи ҳифзи техникии иттилоот дар воситаҳои коркарди иттилоот дар бисёр мавридҳо дар ҳолати заиф қарор доранд ва шахсони манфиатдору ҷиноятпеша имконият доранд, ки бо истифода аз таҷҳизоти махсус иттилооти заруриро аз онҳо дастрас намоянд.

Тавре зикр гардид, амнияти иттилоотӣ ҷанбаҳои гуногунро дарбар мегирад ва бо роҳҳои гуногун таъмин карда мешавад. Чунончӣ, он бо воситаи чор самти асосӣ, яъне ҳимояи ҷисмонӣ, ҳимояи ташкилӣ, ҳимояи техникӣ ва ҳимояи оперативӣ ба амал бароварда мешавад. Мавзўи мо  масъалаҳои ҳимояи техникиро дарбар мегирад.

Дар навбати худ, худи ҳимояи техникӣ бо роҳои гуногун ба амал бароварда мешавад. Аз ҷумла, ҳифзи техникии иттилоот бо истифодаи имзои электронии рақамӣ  яке аз ин роҳҳо мебошад.

Зарурияти истифодабарии имзои электронии рақамӣ ва танзими фаъолият дар ин соҳа пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» мавриди амал rарор гирифт. Вазифаи он ҳифз намудани ҳуҷҷати электронӣ аз сохтакорӣ мебошад. Зеро, дар натиҷаи дигаргунсозии криптографии иттилоот бо истифода аз калиди пӯшидаи имзои электронии рақамӣ имконияти муайян намудани соҳиби сертификати имзои электронии рақамӣ ва ҳаққонияти он таъмин карда мешавад.

Барои истифода бурдани имзои элетронии рақамӣ, сохтани калиди электронии рақамӣ, додани сертификати он ва муайян намудани ҳаққонияти имзои электронии рақамӣ Маркази тасдиқкунандаи  элетронии рақамӣ таъсис дода мешавад.

Бояд таъкид намуд, ки то соли 2010 мақоми ваколатдоре, ки фаъолиятро дар ин самт бояд ба танзим медаровард, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоxикистон муқаррар карда нашуда буд. Бинобар ин аз тарафи қонунгузор 21 июли соли 2010 таҳти №628 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» тағйирот ворид карда шуда,   Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор муқарар гардид.

Аз ин давра фаъолият дар самти мазкур шурўъ гардида, айни ҳол фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ҷиҳати таъсис додани Марказҳои тасдиқкунандаи имзои электронии рақамӣ сол аз сол зиёд шуда истодаанд.

Дар солҳои 2010-2016 аз ҷониби Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 идораву ташкилот ва муассисаҳои бонкии ҷумҳурӣ иҷозатнома барои фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамӣ, хизматрасонӣ вобаста ба истифодаи имзоҳои элетронии рақамӣ ва тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои электронии рақамӣ дода шуд.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2004, №404 «Дар бораи Низомномаи сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоот тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ, атестатсияи обектҳои иттилоотонӣ, тартиби бақайдгирии давлатии онҳо» ва «Номгўи воситаҳои ҳифзи иттилоот, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд» субектҳои фаъолияти имзои электронии рақамӣ бояд  воситҳои криптографии ҳифзи иттилоотро, ки сертификатсия карда шудаанд, истифода баранд.

Аз ин лиҳоз, аз тарафи КВД «Марказ» воситаҳои техникии коркарди иттилоот ва таҷҳизоти муҳандисию барномавии ҳамаи субектҳои фаъолият дар соҳаи имзои электронии рақамӣ ва бонкҳои хурди микрокредитӣ, ки амалиётҳои бонкиро бо бонкҳо ва корхонаҳои иҷозатномадошта ба роҳ мемонанд, аз сертификатсия ва атестатсия тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ гузаронида шудаанд. Ба маъсулини онҳо барои андешидани чорабиниҳои амниятӣ кўмакҳои амалӣ ва методӣ расонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар марҳилаи ҳозира мубодилаи электронии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар соҳаҳо дар соҳаҳои молия ва бонкдорӣ бештар рушд ёфта истодааст.

Бо назардошти ин, ҳуҷатгузории электронӣ байни вазорату идораҳо бо назардошти таъмини амниятӣ марҳила ба марҳила ба роҳ монда шуда истодааст. Чунин корҳо дар як қатор вазорату идораҳо  шурӯъ шудаанд. Аз ҷумла, маҳзанҳои иттилоотӣ, шабакаҳои электронӣ ва ғайра таъсис дода шуда истодаанд. Зикр кардан зарур аст, ки новобаста ба дараҷаи муҳимияти иттилоот, яъне оммавӣ ё дараҷаи истифодааш маҳдуд будан, он бояд ҳатман бо имзои электронӣ рақамӣ ва дигар барномаҳои амниятӣ ҳимоя карда шавад, то ин ки имкони дигаргунсозӣ, нобудкунӣ ва дигар амалҳои ғаразнок барои дастрасии беиҷозат, ҳамчунин ихроҷи он тариқи каналҳои техникӣ ё афканишоти электромагнитии ғайр, пешгирӣ карда шавад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ҳолати нобуд кардани маҳзанҳои иттилоотӣ, аз кор баровардани онҳо ё дигар кардани  муҳтавои (ҳаққонияти) онҳо зарари молиявӣ  аз хароҷоти сарфшуда барои таъсиси системаи амниятӣ ба маротиб зиёд мебошад. Одатан дараҷаи арзиши иттилоот пас аз дуздидани он ё нобуд сохтанаш маълум мегардад.

Барои мисол, айни ҳол дар ҳамаи сохторҳо таҷҳизоти аз хориҷи кишвар воридшуда истифода мешаванд, ки дорои сертификатҳои хориҷӣ мебошанд, ё умуман сертификати мутобиқат ба талаботи амнияти иттилоотӣ надоранд.

Бинобар ин, зарур мешуморем, ки масъалаи истифодабарии таҷҳизоти истеҳсоли кишварҳои хориҷӣ ва таъминоти барномавии онҳо дақиқтар зери назорат гирифта шаванд. Зеро рушди босуръати Интернет ва шабакаҳои иттилоотию комуникатсионӣ таъмини ҷиддии ҳифзи иттилоотро талаб менамояд.

Бо ин назардошт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарорҳои худ аз 2 апрели соли 2015, таҳти №190 «Низомнома оид ба талабот, шартҳо ва қоидаҳои ҳифзи иттилоот аз разведкаи техники хориҷӣ» ва аз 9 ноябри соли 2015 таҳти №668 «Тартиби сертификатсияи воситаҳои техникии ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ»-ро қабул намуд. Тибқи санадҳои мазкур маrомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ бояд чораҳои заруриро барои татбиқи Низомнома ва Тартиби  зикргардида андешанд.

Татбиқи чорабиниҳои амниятӣ албатта аз ҷониби мутахассисони соҳаи амнияти иттилоотӣ бояд ба амал баровада шавад. Айни ҳол, донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр намудани чунин мутахассисон кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҷалби онҳо барои фаъолият дар сохторҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо ва бо ин васила мустаҳкам намудани заминаҳои Ҳукумати электронӣ яке аз чорабиниҳои аввалиндараҷаи татбиқи сиёсати давлатии амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Боварии комил дорем, ки Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳоро доир ба такмили қонунгузорӣ ва муҳандисию техникии ҳифзи иттилоот давом дода, пешбурди сиёсати давлатиро бо назардошти манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.

                                                                                     Д. Г.  ЯҚУБОВ,

сардори  Раёсати Бозрасии давлатии техникии 

Саридораи ҳифзи сирри давлатии  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 17, 2017 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст