Мусодираи 20 баста маводи нашъадори навъи ҳашиш дар ноҳияи Панҷ

Май 25, 2017 17:18

ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 20  ба 21 майи соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Абдуқаюм Қурбонов, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Панҷ, ҷамоати шаҳраки Панҷ, Аъзамшо Пирумшоев, соли таваллудаш 1982 ва Абдуҷаббор Шодмонов, соли таваллудаш 1974, сокинони ноҳияи Панҷ, кӯчаи О. Ҳайдарова бо ҷурми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардиданд.

Тавре аз Хадамоти гумрук хабар доданд, маълум гардид, ки ба онҳо бо маслиҳати пешакӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи «Фаррух», бо тахаллуси «Хаттаб» аз сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар минтақаи ноҳияи Панҷ як халта бо 20 адад бастаҳои полиэтилении дорои моддаи монанд ба маводи нашъаоварро бар ивази маблағи пулии муайян додааст, ки дар натиҷа аз ҷониби кормандони гумрук дарёфт ва мусодира гардид.

Мусодираи 20 – баста маводи нашъадори навъи ҳашиш дар ноҳияи Панҷ (1)Мувофиқи санади Шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД — и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маводи мусодирашуда маводи нашъадори навъи ҳашиш буда, вазни умумии он 19 килограмму 150 граммро ташкил медиҳад.

Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрвандон Абдуқаюм Қурбонов, Аъзамшо Пирумшоев ва Абдуҷаббор Шодмонов ва дигарон бо моддаҳои 36 қисми 5, 289 қисми 2 ва 200 қисми 4 банди «д» — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар тафтишоти Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Май 25, 2017 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст