Баргузории марҳилаи охирини машқҳои ҳарбӣ-тактикии зиддитеррористӣ дар шароити монанд ба ҳолати воқеӣ

Июнь 1, 2017 10:48

ДУШАНБЕ, 01.06.2017. /АМИТ«Ховар»/. Машқҳои ҳарбӣ-тактикии зиддитеррористӣ бо иштироки ҷузъу томҳои махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, аз ҷумла, авиатсияи дурпарвози Федератсияи Россия, танку тӯпҳои дурандоз, аз ҷумла, артиллерияи реактивии пойгоҳи 201-уми Федератсияи Россия муваффақона идома доранд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз машқгоҳи «Ҳарб майдон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз дар наздикии хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 км) марҳилаи охирини машқҳои ҷангӣ дар шароити монанд ба ҳолати воқеӣ баргузор гардида истодаанд.

Полковник Ярослав Рошупкин, сардори Хадамоти  матбуоти ҳавзаи ҳарбии марказии қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод: «Дар машқҳои ҳарбии имрӯза 30 адад ҳавопаймоҳои неруҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, аз ҷумла, ҳавопаймоҳои зарбазани СУ-25-С, ҳавопаймоҳои бомбаандози СУ-24-М, вертолётҳои ҷангии Ми-8 ва Ми-24, комплексҳои реактивии «Искандар», «Гвоздика», «Акатсия», «Град» ва зиёда аз 2000 нафар низомиёни Федератсияи Россия сафарбар мешаванд».

Хотиррасон менамоем, ки дирӯз дар маркази шаҳри Душанбе ва машқгоҳи «Лоҳур» амалиёти машқии Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Амалиёт ба муқобили террористони шартие, ки мехостанд биноҳои маъмурӣ ва истиқоматиро ғасб намоянд, равона шуда буд.

Амалиёти машқии имрӯза нисбат ба амалиёти машқии дирӯза хеле калонҳаҷм буда, он ба муқобили гурӯҳҳои шартии террористони байналхалқӣ, ки мехостанд бо убур кардани сарҳади давлатӣ вориди Тоҷикистон шаванд, равона шудааст.

Машқҳои имрӯза, ки бо истифода аз силоҳу муҳимоти навтарин баргузор гардида истодаанд, аз тарафи ҳайати намояндагии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Ӯзбекистон Кумитаи иҷроияи ИДМ, Котиботи Шӯрои вазирони мудофиаи ИДМ, СҲШ, СААД ва САҲА назорат мешаванд.

 

Акрам САНГЗОДА

 

Июнь 1, 2017 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст