«ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИСТИФОДАИ САМАРАНОК, ОҚИЛОНА ВА УСТУВОРИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ НАМУНА АСТ». Андешаҳои Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш доир ба кӯли Сарез ва табиати зебои Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорони АМИТ «Ховар» ва Шабакаи телевизионии «Тоҷикистон»

Июнь 13, 2017 09:43

ДУШАНБЕ, 13.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Зимни боздид аз кӯли Сарез, аз ин минтақаи кӯҳҳои Помир, мо бояд ду сабақ омӯзем.  Аввал, пеш аз ҳама, мо мушоҳида менамоем, ки пиряхҳо об шуда истодаанд, ва бинобар ин ниҳоят муҳим аст, ки тамоми ҷомаеи байналмилалӣ барои андешидани тадбирҳои таъсиргузор ва гому талошҳои муассир дар ростои пешгирии зуҳуроту таъсири тағйирёбии иқлим ҷалб карда шавад ва иқдомҳои зарурӣ барои татбиқи  Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим амалӣ гарданд. Силсилаи чораҳое андешида шаванд, ки мо тавонем ояндаи сайёраи худ ва инсониятро аз гирдоби хавфу падидаҳои хатарзои натиҷаҳои тағйирёбии иқлим раҳои бахшем. Аз дигар ҷиҳат, ҳангоме ки мо ба ин кули нодир назар меафканем, мо муқаддам аз ҳама, неъмати гаронбаҳои табиат – обро мебинем. Кӯли Сарез мисоли хуби он мебошад, ки чи гуна мо бояд захираҳои обиро нигоҳ дорем.Мо бояд обро ба тарзи самаранок, ба шеваи устувор мавриди истифода ва истеъмоли худ қарор бидиҳем, Зеро ин неъмати табиат – об барои истеҳсоли нерӯи барқ сарвати муҳим маҳсуб мешавад.

Аз ин лиҳоз, мо бояд онро дар саросари ҷаҳон ба таври самарнок ҳифз намоем, оқилона истифода барем ва боарзиш донем, то ки ин сарвати бебаҳои табии ба нафъи мардуми курраи замин хидмат намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор дода, шоистаи таҳсину қадр медонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи самаронок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин шеваву усули истифода сабақ биомӯзанд, ба он пайрав ва пуштибон бошанд.

Ин ҷабҳаи ниҳоят муҳим буда, моро водор месозад, ки барои боз ҳам беҳтар намудани мудирияти захираҳои об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳем. Худи далели он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»- ро манзур намуд, шаҳодат аз он медиҳад, ки то чӣ андоза роҳбарияти олии кишвар, Президенти муҳтарами Тоҷикистон ба мавзӯи ҷаҳонии об аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Дар ин радиф, барои ташвиқу татбиқи ин ибтикор муҳим аст, ки дар иттифоқ тадбирҳои муассир мавриди амал ва баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Мо ба ин хотир муваззафем то тамоми корҳои заруриро анҷом диҳем.Зимни сафарҳои худ ман қиёс меорам. Масалан, зодгоҳи ман Португалия барои бунёди сарбандҳо маблағҳои ҳангуфт, миллионҳо маблағ сарф намуд, аммо Худованд ба кишвари дилписанди Шумо сарбандҳои табиӣ ато кардааст, ин шаҳодати ҳикматест, ки Шумо мардуми назаркарда мебошед. Ман ба тамоми кормандоне, ки барои сафари мо ин қадар заҳмат кашиданд, миннатдории бепоёни худро изҳор мекунам».

 

 

 

 

 

Июнь 13, 2017 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид