Рейтинги рушди кишварҳои дунё: Тоҷикистон беҳтарин нишондиҳандаҳоро дар бахши «маориф» ва «амнияту ҳифозат» соҳиб шуд
ДУШАНБЕ, 04.12.2017. /АМИТ «Ховар»/ Тоҷикистон дар Рейтинги (раддабандии) рушди кишварҳо дар соли 2017, ки аз ҷониби Маркази бритониёии «Институти Legatum» тартиб дода шудааст, мақоми 102-юмро касб намудааст. Ин маълумот дар сомонаи расмии ин ниҳод зикр шудааст.
Мувофиқи маълумоти ин Рейтинг, беҳтарин нишондиҳандаҳои Тоҷикистон давоми соли равон дар бахшҳои «маориф» (ҷойи 54) ва «амнияту ҳифозат» (мақоми 49) ба даст оварда шудаанд. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин рейтинги мақоми 100-умро соҳиб гашта буд.
Россия ин дафъа дар паҳлӯи Тоҷикистон, яъне дар ҷои 101-ум қарор дошта, Қазоқистон мақоми 72-юм, Қирғизистон- 82, Беларус- 95-умро ба даст овардаанд. Мақоми аввалро Норвегия ишғол намуда, баъди он Зеландияи нав ва Финландия ҷой гирифтаанд.
Натиҷаҳои таҳқиқот дар асоси омӯзиши як қатор нишондиҳандаҳои кишварҳо тартиб дода мешаванд. Ин навбат нишондиҳандаҳои рушди кишварҳо ба нуҳ гурӯҳи алоҳида ҷудо шудаанд: сифати иқтисодиёт, муҳити тиҷоратӣ, идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, амнияту ҳифозат, озодиҳои шахсӣ, сармояи иҷтимоӣ ва муҳити атроф.
Нишондиҳандаҳои рушди кишварҳои Маркази таҳлилии бритониёии «Институти Legatum» (The Legatum Prosperity Index) – ин маҷмӯи нишондиҳандаҳои омезишёфтаест, ки муваффақиятҳои кишварҳоро вобаста ба рушд ва пешрафти онҳо фароҳам сохтааст. Ин Раддабандӣ аз соли 2006 инҷониб нашр меёбад. Мақсади ин таҳқиқот аз омӯзиши пешрафти иҷтимоӣ ва рушди он дар сатҳи байналмилалӣ иборат аст.








Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд






