«БОҒИ КӮДАКОН». Туҳфаи арзандаи Пешвои миллат дунёи наврасонро дар фазои тинҷу осудаи Ватан рангин месозад
ДУШАНБЕ, 22.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, зимни як маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати мамлакат бо ҳисси баланди ватандорӣ дар пеши худ мақсад гузоштанд, ки барои ободонии пойтахт ва истироҳати бофароғати сокинону меҳмонон иншооти гуногун, аз қабили майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд мекунанд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, алҳол дар беш аз 90 иншооти бунёдшавандаи пойтахт корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд.
Дар ҳамин замина бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Шириншоҳ Шотемури ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сохтмони Боғи кӯдакон бомаром идома дорад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сарвари давлат 21 январи соли равон бо ҷараёни корҳо дар боғи мазкур шинос шуданд.
Боғи кӯдакон, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чун туҳфаи арзанда барои кӯдакони хуштолеъи мамлакат сохта мешавад, масоҳати 2,5 гектарро ташкил медиҳад.
Оянда дар ин ҷо барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар барномаҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 230 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта мешаванд.
Боғи мазкур дар назди Муассисаи давлатии Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе воқеъ мебошад ва дар оянда кӯдакони ин даргоҳ метавонанд аз ҳамаи шароите, ки Сарвари давлат барояшон муҳайё мекунанд, баҳрабардорӣ карда, дунёи кӯдакии худро дар фазои тинҷу осудаи Ватан рангин созанд.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳамсафар» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бохтар-2015» мебошанд. Дар иншооти мазкур беш аз 50 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон супориш доданд, ки корҳои ободонӣ бо сифати баланд анҷом дода шаванд, то марказҳои фароғатӣ солҳои сол барои насли ояндасоз хизмат расонанд.










Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид






