АСОЛАТИ СУННАТИИ ФАРҲАНГИ ЛИБОСПӮШИИ ТОҶИКОН БОЯД НИГОҲ ДОШТА ШАВАД. Дастурамали либосҳои тавсиявӣ таҳия гардид

Февраль 26, 2018 11:03

ДУШАНБЕ, 26.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни вохӯрӣ бо доираи васеи рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар ояндаи наздик дастурамали либосҳои миллӣ дастраси ҳамагон мегардад. Ба гуфти вазир, ин дастурамал  хусусияти тавсиявӣ ва тарбиявӣ дошта, бо мақсади баланд бардоштани одоби либоспӯшии шаҳрвандон ва тарғиби либоси миллӣ таҳия шудааст.

 Бояд гуфт, ки тоҷикон дар тӯли асрҳо офаридаҳои фарҳанги моддию ғайримоддии худро аз насл ба насл ба мерос гузошта меоянд.  Аз сарчашмаҳои таърихие, ки оид ба фарҳанги либоспӯшии мардуми тоҷик маълумот медиҳанд, бармеояд, ки тарзу намуди либоспӯшии бонувони тоҷик дар давраҳои гуногун вобаста ба тақозои замон, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва идеологӣ инкишоф ёфтааст. Дар шароити кунунӣ бо таъсири пешрафти техника ва технология, рушди истеҳсолот ва раванди ҷаҳонишавӣ дар анъанаҳои миллии либоспӯшӣ дигаргуниҳо ворид гардиданд.

 Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни мулоқоту суханрониҳо таъкид менамоянд, ки бояд асолати суннатии фарҳанги либоспӯшии мардуми тоҷик нигоҳ дошта шавад.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ходими калони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (ПИТФИ) Маҳина Ниёзова иброз дошт, дар ин раванд аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид, ки мураттибони он Дилшод Раҳимов, Хуршед Низомов ва Муъмина Шовалиева мебошанд.

Бояд гуфт, ки дастурамали мазкур ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст ва мутмаинем, ки пас аз тасдиқи он бонувони мо аз рӯи нишондодҳои он амал хоҳанд намуд. Мақсади таҳияи чунин дастурамал пешгирӣ аз ворид гардидани фарҳанги либоспӯшии бегона ва махлут гардидани фарҳанги суннатии тоҷикон мебошад.

Маҳина Ниёзова зикр намуд, ки доир ба ин масъала аз ҷониби ПИТФИ низ як қатор иқдомҳои назаррас сурат гирифтанд, ки яке аз онҳо- ин сафарҳои хидматӣ оид ба омӯзиш ва таҳқиқи фарҳангу ҳунари мардум аз ҷониби кормандони илмии он мебошад. Зимни ин сафарҳо аз рӯи мавзӯъҳои гуногун урфу одат, касбу ҳунар ва дар маҷмӯъ, фарҳанги мардум мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Аз мушоҳидаҳо муайян гардид, ки мутаассифона, таъсири раванди ҷаҳонишавӣ ба тарзу намудҳои либоспӯшии бонувони тоҷик низ бе асар намондааст.

«Дар тартиби либоспӯшии ҳар қавм урфу одати маҳаллӣ ва хусусиятҳои ҷуғрофии маҳал таҷассум мегардад. Аз ин лиҳоз, бо гузашти вақту замон дар ҳар давр мардуми мо тартибу тарзи либоспӯшӣ, тарзи дӯхти онҳоро ба шароити ҳамон давра ва талаботи мардум мутобиқ менамуданд. Вақте оид ба либоси миллӣ дар замони имрӯз сухан мегӯем, гуфтан мумкин аст, ки атласу адраси суғдӣ, гулдӯзиҳои нотакрор ва куртаву тоқиҳои пурҷилои минтақаҳои гуногуни мамлакат, аз қабили Кӯлобу Рашту Бадахшон, Ҳисору Варзобу Бохтар  диққати на танҳо мардуми тоҷик, балки хориҷиёнро низ ба худ ҷалб мекунанд. Либоси миллӣ муаррифи фарҳангу тамаддуни миллат ба ҳисоб меравад. Аз ин нигоҳ, модоме ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, моро зарур аст, ки фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯр-кӯрона ба фарҳанги ғайр мубаддал нагардонем»,-иброз намуд Маҳина Ниёзова

Ба зикри мавсуф, либосҳо вобаста ба фаслҳои сол ва табиату иқлим ба навъҳои зимистона, баҳорӣ, тобистона ва тирамоҳӣ гурӯҳбандӣ мешаванд. Инчунин онҳоро аз лиҳози ҷинсият ва синну сол ба либосҳои мардона, занона ва кӯдакона тақсим мекунанд. Вобаста ба маврид ва мавқеи корбурд категорияҳои либосҳои расмӣ, ҷашнӣ (идона), соҳавӣ (униформа), саҳнавӣ, ҳаррӯза, истеҳсолӣ ва маросимӣ вуҷуд доранд.

Ҳамсуҳбати дигари мо Лайло Носирова — мудири бахши фарҳанги моддии Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ин маврид гуфт, ки дар ин китоб намунаи либосҳо ба бахшҳо ва фаслҳо тақсим карда шудааст. Чунончи, бахши либосҳои расмӣ аз фаслҳои либосҳои мардона ва занона таркиб ёфтааст. Дар бахши либосҳои ҷашнӣ, ҳаррӯза ва маросимӣ низ чунин фаслбандӣ риоя шудааст.

«Таблиғу ташвиқи либосҳои тавсиявӣ бо мақсади тақвияти ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ, хештаншиносӣ, эҳё ва рушди мероси фарҳанги миллӣ ва таъмини ҳисси баланди зебоипарастии шаҳрвандони мамлакат роҳандозӣ гардидааст»,- изҳор дошт мавсуф.

Тавре Лайло Носирова баён дошт, барои занҳои хонанишин тарҳи куртае пешниҳод мегардад, ки дар тарзи дӯхт шинам ва қисматҳои пеш ва паси он маҳкам бошад. Дар ин сурат ба бастани сатр эҳтиёҷ пайдо намешавад. Ин намуд куртаҳо гиребондор ва буғак буда метавонанд. Ин тарзи дӯхти куртаҳо аз қадим дар байни бонувони тоҷик маъмул буд.

Дар тарҳи куртаҳо як чиз ба назар гирифта шудааст, ки куртаҳои духтарони ҷавон аз зани шавҳардор ва занҳои калонсол дар интихоби дӯхт ва ранг фарқият доранд. Ба андешаи Лайло Носирова, духтарон нисбат ба занҳо озодтаранд. Ба ҳамин хотир онҳо метавонанд мутобиқи завқ ва имконияти аҳли оила либосҳояшонро дӯзанд.

Маҳина Ниёзова дар навбати худ изҳор дошт, ки ба бонувон тавсия дода мешавад, ки дар интихоби ранги либос низ фарқият гузоранд. Онҳо метавонанд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҷашну маросимҳои хурсандӣ аз либосҳои рангорангу гулдор ва дар маросими мотам аз либоси рангаш тира ва кабуду сафед истифода намоянд.

Ба зикри ин муҳаққиқон, ки масъули ин барномаи тавсиявӣ мебошанд, бояд дар бастани рӯймол ва ороиши мӯй низ каме дигаргуниҳо ворид карда шаванд. Масалан, духтароне, ки мӯйҳои дароз доранд, дар донишгоҳу коргоҳҳо онро кушода нагузоранд. Умуман мӯйҳо дар вақти кори давлатӣ ва дарс ҳатман ё бофта ва ё  ғундошта бояд бошанд. Рӯймолҳо ба таври сода бояд баста шуда, дар интихоби ранг низ аҳамият дода шавад. Рӯймолҳо бояд сиёҳ набошанд, зеро ранги сиёҳ рамзи азодорӣ мебошад.

Бояд модарон ва занҳои калонсол уҳдадор карда шаванд, ки дар бораи урфу одат ва рангу тарзи либоспӯшии анъанавии тоҷикӣ ба фарзандони худ маълумот дода, онҳоро ба риояи фарҳанги миллӣ водор намоянд, зеро тарбия аз хонавода сарчашма мегирад. Агар мо ҷавононро дар муҳити оила тарбият накунем, ҷомеае, ки дар ҳоли рушду пешравӣ аст, онҳоро аз ин урфу одат ва анъанаҳо дур месозад.

Тавре Лайло Носирова ибрози ақида намуд, барои аз байн бурдани сиёҳпӯшӣ ва шимҳои тангу куртаҳо бо остини ҳарир мо метавонем ба соҳибкорон супориш диҳем, ки ин гуна либосҳоро аз хориҷ ворид накунанд. Инчунин ба тарроҳон ва чеварони маҳаллӣ  низ бояд дастур дода шавад, ки ин гуна либосҳо ва сатрҳои сиёҳро надӯзанд.

Бояд зикр кард, ки намунаи либоси миллие, ки барои занон пешниҳод мегардад, на танҳо барои занҳои коргар ва ҳудуди шаҳрҳост, балки он барои бонувони тамоми Тоҷикистон тавсия дода мешавад.

 

Зарангези Латиф,

АМИТ «Ховар»

Февраль 26, 2018 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

То соли 2100 яхҳои Антарктида метавонанд чоряк ҳисса коҳиш ёбанд
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Дар Кӯлоб дар назди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуд
Доир ба рушди ҷанбаҳои кадрии сиёсати давлатии ҷавонон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид