Дар вилояти Хатлон бахшида ба рушди сайёҳӣ конференсия баргузор гардид
БОХТАР, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Нақши сайёҳӣ дар пешрафти иқтисодиёти миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар конференсия олимони соҳаи иқтисодӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок доштанд. Дар маърӯзаҳои иштирокчиёни конференсия масъалаҳои муҳими соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасии олимон қарор гирифтанд.
Дар ифтитоҳи конференсия дастовардҳои ширкатҳои сайёҳии вилоят, осорхонаи вилоятӣ ва олимони соҳаи сайёҳӣ ба намоиш гузошта шуд. Кори конференсия дар ду бахш: «Сайёҳӣ – соҳаи афзалиятноки ҷомеа» ва «Сайёҳии дохилӣ ва имкониятҳои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки панҷ сол муқаддам дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ихтисоси иқтисод ва идораи сайёҳӣ кушода шуда буд. Соли гузашта 32 нафар ин ихтисосро бомуваффақият хатм намуданд.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






