Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Кохи Наврӯз
ДУШАНБЕ, 09.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми рӯзи 9 март Сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Кохи боҳашамати Наврӯз ташриф оварда, толорҳои барҳавову зебо ва бо санъати асили миллӣ ороёфтаи онро тамошо карданд.
Маҷмааи «Кохи Наврӯз» дар маркази пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, соли 2015 бо усули меъмории миллӣ ба истифода дода шуд.
Маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, масоҳати 40 ҳазор метри мураббаъи толорҳои он бо санъати волои гаҷкорӣ, оинабандӣ ва чубкории ҳунармандони тоҷик оро ёфтааст. Ҳамчунин 15айвончаи тобистонаи хурду калон, фаввораҳои ранга ба бино шукӯҳу шаҳомат мебахшад. 11 толори маҷмаа бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, мозаика аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, чӯбкорӣ, сангтарошӣ истифода бурда шудааст.
Кохи Наврӯз аз толорҳои боҳашамати “Дидор”, “Аржанг”, “Гулистон” ва “Зарандуд” иборат аст
Толори “Дидор” аз гаҷкорӣ ва наққошӣ иборат мебошад. Даромадгоҳи толор бо нақшу нигори «кундал» оро дода шудааст. Дар деворҳои он гаҷкорӣ дар рӯи оина иҷро шуда, нақшу нигори миллӣ акс ёфтааст. Сақфи он бо рангҳо хеле зебо наққошӣ карда шудааст. Аз ду тараф зинапояи чӯбин бо кандакорӣ оро дода шудааст. Масоҳати толор 1100 метри муррабаъ мебошад.
Толори “Аржанг” аз 29 намуд сангҳои нимқимматбаҳои Тоҷикистон сохта шудааст. Дар девор аксҳо аз рӯи мусаввараҳои Камолиддини Беҳзод иҷро карда шудааст. Масоҳати толор 1000 метри муррабаъ мебошад.
Толори “Гулистон” — толори кандакорӣ намоиши ифтихори кандакории тоҷик мебошад. Дар ин толор бештар аз 6000 метри муррабаъ кандакорӣ дар чӯб иҷро шудааст. Он 16 сутун дорад. Қандили бузургаш 3 тонна буда, булурӣ мебошад. Масоҳати толор 1650 метри муррабаъро ташкил медиҳад.
Толори “Зарандуд” баландтарин толори бинои Кохи Наврӯз аст. Қандили бузургаш 6 тоннаву 700 кг вазн дошта, 1600 чароғак дорад. Дар ҳар як қисми девор рамзи тоҷи заррин бо ҳафт ситораро дидан мумкин аст. Дар сутунҳо ва болои он нақшҳо бо тиллои маҳин ороиш дода шудаанд, ва бинобар ҳамин толори тиллоӣ мегӯянд. Деворҳои толор бо гаҷкорӣ дар оина ва шиша оро дода шудааст.
Бо ин шукуҳу шаҳомат имрӯзҳо Кохи Наврӯз макони баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гаштааст.
Баъди тамошои толорҳои Кохи Наврӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳунари волои устоҳои тоҷик ва ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёди чунин як макони бузурги фарҳангӣ баҳои баланд доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






