Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалии олимони ҷавон баргузор шуд

Апрель 27, 2018 14:15

ДУШАНБЕ, 27.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Илми тиб: имкониятҳои нав» Конференсияи илмӣ – амалии олимони ҷавон баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конференсия ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода,  президенти муассисаи давлатии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиҷон Ғоибов, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Султонмурод Бегмуродзода ва муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисотон Ҳабибулло Амирбекзода  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино М. Гулзода зимни суханронии худ зикр кард, ки ҷараёни тараққиёти илму техника ва пешравии ҷаҳони муосир аз мутахассиси соҳаи тибби имрӯза на танҳо дониши мукаммали назариявӣ ва малакаи касбӣ, балки савияи баланди маҳорати инноватсионӣ ва огоҳии мунтазамро аз дастовардҳои тиб тақозо менамояд.

Ҳамчунин М. Гулзода таъкид намуд, ки конференсияи имрӯза ҳамчун муаррифи фарҳангу тамаддуни миллӣ ва баёнгари неруву иқтидори баланди олимони ҷавон ва муҳаққиқон маҳсуб ёфта, барои ҷустуҷӯ, дарёфт ва дастгирии олимони ҷавон ва донишҷӯёни соҳибистеъдоду лаёқатманд имкониятҳои васеъро фароҳам меорад.

Дар  доираи конференсия Симпозиум таҳти унвони «Роҳҳои боздошти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз масъалаҳои мубрам ва ҳалталаби  ҷаҳони  муосир ба шумор меравад, баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки дар кори конференсия 40 нафар олимони ҷавон ва донишҷӯён аз кишварҳои хориҷ иштирок намуда, бо маърӯзаҳои илмии хеш баромад намуданд.

 

Апрель 27, 2018 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

23 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон доир мешавад
20 июл Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 июл, сешанбе, 198-умин рӯзи соли 2024 аст
Вазорати нақлиёт дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» 5 миллион бех ниҳол мешинонад
Ширкати «China Datang» дар вилояти Суғд неругоҳи офтобӣ бо қувваи 500 мегават месозад
Роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол бунёд мегардад
Намояндаи Осорхонаи миллӣ дар ҳамоиши «Долонҳои мероси Роҳи Абрешим дар Осиёи Марказӣ» дар Остона иштирок намуд
Ҷавонони тоҷик дар омӯзиши забони хориҷӣ аз Барномаи FLEX самаранок истифода мебаранд
«Узбекистон Онлайн»: муштариён роуминги муфидро интихоб мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
«ШИРКЕНТ»-И НОМДОР. Дар ин истироҳатгоҳ зиёда аз 1000 нафар таътили тобистонаро бофароғат гузарониданд