Иштироки президентҳои Тоҷикистону Беларус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус дар Тоҷикистон

Май 15, 2018 19:05

ДУШАНБЕ, 15.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 15-уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намоишгоҳ баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шуруъ кард.

Дар намоишгоҳ наздики 150 корхонаю ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Беларус номгӯи зиёди молу маҳсулот, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фармасевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, мебел ва коркарди чӯб, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маишӣ, илм ва технология, саноати мошинсозӣ, техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзиро ба маъраз гузоштаанд.

Ҳамзамон дар ин намоишгоҳ имконияти сайёҳии ин кишвар муаррифӣ карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко намоишгоҳро тамошо карда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Беларус ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд.

Сарони давлатҳо баргузории чунин намоишгоҳҳоро омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки сатҳи ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус тамоюли мунтазами болоравиро дорад ва асосан дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис дода шудааст, баррасӣ мегардад.

Робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҷиҳати ташкили таъминкунӣ бо ашёи хом, молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва инчунин инкишофи муносибатҳои байни субеъктҳои минтақавӣ ва хоҷагидории ду давлат равона карда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз Беларус ба Тоҷикистон асосан нақлиёти боркаши калони сохтмонӣ ва техникаи кӯҳкорӣ, маҳсулоти соҳаи бофандагӣ ва мебел, таҷҳизоти электрикӣ ва техникаи маишӣ, чӯб ва маҳсулоти коркарди он, чорвои зотӣ, маҳсулоти химияи ғайриорганикӣ ва дорусозӣ ворид мегардад.

Аз Тоҷикистон ба Беларус бошад аслан нахи пахта, пашм, мева, алюминий ва тухмиҳои равғандор содирот мешавад.

Инчунин ҷиҳати ба Тоҷикистон интиқол додани маҳсулоти корхонаи “БелАЗ”, “МАЗ”, ва “МТЗ” ва пешниҳод ба дигар бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

Дар солҳои охир аз Беларус ба Тоҷикистон барои сохтмони иншооти энергетикӣ тақрибан 1000 мошини боркаши калони сохтмонӣ ва таҷҳизоти истихроҷи маъдан ворид карда шудааст.

Ҳамзамон дар чорчӯбаи табодули таҷриба байни муассисаҳои ду давлат корҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи парвариши моли зотии калон ва селексия ҷараён дорад.

Байни субъектҳои хоҷагидор шартномаҳо оид ба истеҳсол ва таъмини якдигар бо тухмиҳои баландсифат ба тасвиб расидаанд.

Ҳамкории байни ҳамдигарии вилоятҳо ва минтақаҳои савдои озоди ду давлат низ босуръат тақвият меёбад.

Тибқи иттилои масъулон ин калонтарин Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус мебошад, ки дар панҷ соли охир дар хориҷи кишвар баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Душанбе то рӯзи 23-юми майи соли равон идома меёбад.

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус 15.05.2018

Май 15, 2018 19:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино бинои тарабхонаи «Баҳор — Форел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сино ҶДММ «Ҷавоҳироти заргарии Зарафшон»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, платаҳои чопӣ ва фурӯзонакҳои диодии ҶДММ «Ғаюр Гуруҳ»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии ҶДММ «Нонпаз»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Кир Родни Стармер барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Шоми дӯстӣ ба истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин
Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин ва нишасти матбуотӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин — ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонда шуданд